Июл 15, 2016 17:32 Asia/Dushanbe
  • Амрико, Исроил ва Оли Сауд бузургтарин ҳомиёни терроризм

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, Амрико, режими Оли Сауд ва режими саҳюнистиро бузургтарин ҳомиёни терроризм дар ҷаҳон муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ имрӯз дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба авзои буҳронии бархе кишварҳои минтақа ва идома ёфтани куштори бегуноҳон дар ин кишварҳо гуфт: "Эҷоди гурӯҳҳои террористӣ барои аз байн бурдани мардум ва зерсохти кишварҳое монанди Ироқ, Сурия ва Яман, ҷинояте ошкор зидди башарият аст".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард: "Амрико дар ҳоле муддаии ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст, ки ҳамчунон аз душманони миллатҳои мазлуми Ироқ, Сурия ва Яман ҳимоят мекунад ва дар баробари ҷиноёте ки такфириҳо ва ваҳҳобиҳо дар ин кишварҳо анҷом медиҳанд, сукут ихтиёр кардааст".

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо ишора ба идомаи тавоҷузгарии режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва ишғоли ин сарзамин гуфт: "Ин дар ҳоле аст ки Амрико ва бархе ҳампаймонони ғарбияш фаластиниёнро, ки коре ҷуз муқовимат ва дифоъ аз ҳақ ва сарзамини худ анҷом намедиҳанд, ба террорист будан муттаҳам мекунанд".

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз авзои буҳронии мардуми Яман, ҳамалоти режими Оли Сауд ба ин кишварро маҳкум кард ва афзуд: "Яман аз они яманиҳост ва ҳеч кас ҳаққи дахолат дар сарнавишти миллати Яманро надорад".