Август 05, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Путин: Теҳрон ва Маскав барои сохти 8 нерӯгоҳи ҳастаии ҷадид тавофуқ кардаанд

Раисиҷумҳури Русия аз тавофуқи Теҳрон ва Маскав барои сохти 8 нерӯгоҳи ҳастаии ҷадид дар Эрон хабар дод ва гуфт, Русия ба Эрон дар иҷрои БАРҶОМ, кӯмак хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин, имрӯз ҷумъа эълом кард, Русия ба Теҳрон кӯмак хоҳад кард, то тавофуқи ҳастаиро ба таври комил иҷро кунад, ки ин шомили фароянди ғанисозии урониюм ва дастёбӣ ба тавони тавлиди изотопҳои пойдор низ хоҳад буд.

Путин афзуд, Русия ҳамчунин қарор аст, 2.2 миллиард евро барои таъмини эътибори нерӯгоҳи ҳароратӣ ва барқрасонии роҳи оҳан ба Эрон вом диҳад.

Вай бо таъкид, бар алоқамандии Маскав ба тақвияти ҳамкорӣ бо Теҳрон дар умури минтақаӣ, гуфт, мо ҳифзи субот ва амният дар саросари минтақаи бузург аз Осиёи Марказӣ ва минтақаи Хазар, то Ховари Миёнаро бисёр муҳим медонем ва ҳамчунин аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай низ ҳимоят хоҳем кард.

Путин ҳамчунин истифода аз гурӯҳҳои террористӣ барои дастёбӣ ба манофеи геополитикӣ ва сиёсиро иқдоме бисёр хатарнок донист ва  таъкид кард, ҳамалоти террористии ахир дар Аврупо якбори дигар нишон дод, ки мубориза бо терроризм танҳо аз тариқи ҳамоҳангии кишварҳо, зери парчами Созмони милал муяссар хоҳад буд.

Барчасп