Феврал 28, 2017 18:16 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Амрико табрик ба Асғари Фарҳодиро пас гирифт

Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе, ибтидо дар паёме, дар шабака иҷтимоии Твиттер, дарёфти Ҷоизаи Оскарро ба Асғари Фарҳодӣ-коргардони саршиноси эронӣ табрик гуфт, аммо андаке баъд ин паёмро ҳазф кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Асғари Фарҳодӣ ва авомили филми “Фурӯшанда” дар эътироз ба фармони зидди муҳоҷиратии Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико дар маросими Оскар, ки бомдоди душанбе ба вақти Теҳрон, дар Лос-Анҷелеси Амрико баргузор шуд, ширкат накарданд.

Ануша Ансорӣ- нахустин фазонаварди зани эронӣ ва Фирӯзи Нодирӣ аз мудирони пешини НАСА ба намояндагӣ аз гурӯҳи филми “Фурӯшанда”, дар маросими Оскар ҳузур ёфтанд.

Асғари Фарҳодӣ дар баёнияи худ, ки Ануша Ансорӣ онро хонд, Трампро ба далели эъмоли маҳдудиятҳои густурда барои вуруди атбоъи кишварҳои исломӣ ба хоки Амрико, мавриди интиқод қарор дод ва ин иқдомро ғайри инсонӣ тавсиф кард.

Баёнияи Фарҳодӣ бо ташвиқи густурдаи ҳуззори ширкаткунанда дар маросими Оскар, ҳамроҳ шуд.