Эрони исломӣ азодори шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
(last modified Thu, 02 Mar 2017 11:47:44 GMT )
Март 02, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ азодори шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)

Дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари гиромии паёмбари Ислом (с), саросари Эрони исломӣ сиёҳпӯш шудааст.

Имрӯз (панҷшанбе) дувуми марти соли 2017, сеюми ҷимоди-ус-сонии 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари гиромии паёмбари акрам -ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.

Шаҳри Машҳади муқаддас ва Ҳарами Разавӣ дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пазирои ҷамъи бешуморе аз дилдодагон ва иродтмандони хонадони набавӣ аст то азодорон дар мусибати бузурги духтари гиромии паёмбари акрам (с), бонуи бузургвори Ислом сӯгворӣ кунанд.

Зоирони ҳарами ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), хоҳари гиромии Алӣ ибни Мӯсо Ризо (ъ) дар шаҳр Қум низ дар сӯги шаҳодати духтари гиромии паёмбари аъзам (с) ва дар такрими он бонуи ягонаи Ислом азодорӣ мекунанд.

 Дар дигар шаҳрҳои Эрони исломӣ низ мардуми муъмин ва алоқамандон ба хонадони расулуллоҳ (с) бо ҳузур дар хиёбонҳо ва роҳандозии дастаҳои синазанӣ дар солрӯзи шаҳодати мазлумонаи духтари бузургвори набии Худо (с) марсияхонӣ ва сӯгворӣ мекунанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷимоди-ус-сонии соли панҷуми беъсат дар Маккаи мукаррама ба дунё омад. Эшон аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падараш, паёмбари акрам (с) бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 сол зиндагии пурбаракат, бар асари ситами гурӯҳе аз қудратталабон ва ранҷу ғами вафоти падараш - ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар 13 –уми ҷимоди-ул-аввал ва ё сеюми ҷимодиус-сонии соли 11-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расид.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.