Рӯҳонӣ: Равобити Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон рӯ ба пешрафт ва роҳбурдӣ аст
(last modified Sun, 05 Mar 2017 11:49:21 GMT )
Март 05, 2017 16:49 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Равобити Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон рӯ ба пешрафт ва роҳбурдӣ аст

Раисҷумҳури исломии Эрон равобит бо ҷумҳурии Озарбойҷонро бародарона ва роҳбурдӣ тавсиф кард ва гуфт: Пешрафти равобити дуҷонибаи Теҳрон-Боку аз лиҳози иртибототи сиёсӣ, масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва фарҳангӣ бо аҳаммият аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе пас аз баргузории нишасти ҳайъатҳои олирутбаи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон дар нишасти хабарӣ афзуд: Афзоиши ҳаҷми тиҷорати Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар чанд моҳи гузашта нишонгари тавсеаи равобити ду кишвар аст .

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Ду кишвар нақши муҳиме дар транзити шимол ва ҷануб доранд ва бо иттисоли роҳи оҳани Осторо-Осторо аввалин қадами муҳим дар ин замина бардошта шудааст .

Рӯҳонӣ ба музокироти ду кишвар дар заминаи баҳрабардории нафтӣ дар дарёи Хазар ишора карду афзуд: Дар заминаи баҳрабардорӣ аз манобеи дарёии Хазар вазирони нафти ду кишвар музокиротро то расидан ба натиҷа идома хоҳанд дод .

Вай бо ишора ба ҳамкориҳои сеҷонибаи (Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия) ва (Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия) тасреҳ кард: Дар ростои ҳамкориҳои сеҷониба дар минтақа иқдомоти хубе токунун сурат гирифтааст .

Раисҷумҳури Эрон дар хусуси масоили минтақаӣ ҳам гуфт: Теҳрон-Боку дар хусуси масоили минтақаӣ ва терроризм иштироки назар доранд ва муътақиданд, тафаккури ваҳҳобият ва салафигарӣ хатаре бузург дар минтақа буда, ки бояд ин тафаккури террористӣ барои ҳамеша дар минтақа хушконда шавад .

Раиси қувваи муҷрияи Эрон ҳамчунин ба иштироки назари Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар заминаи масоили Сурия ва Ироқ ишора ва ибрози умедворӣ кард: Масъалаи Қарабоғ ҳам аз тариқи гуфтугӯ ба роҳҳалли ниҳоӣ бирасад .

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ҳам дар ин нишасти хабарӣ, равобити наздики кишвараш бо Эронро ҳадияе барои минтақа донисту гуфт: Дидорҳои мутааддид бо раисҷумҳури Эрон дар се соли гузашта, нишондиҳандаи густариши равобити ду кишвар аст .

Илҳом Алиев тасреҳ кард: Равобити сиёсии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи олӣ ҷарён дорад ва ду кишвар дар тамомии созмонҳои байналмилалӣ аз якдигар ҳимоят мекунанд .

Вай ҳамчунин аз ҷумҳурии исломии Эрон ба далели талош барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ қадрдонӣ карду афзуд: Мавзуи Қарабоғ муттакӣ бар тамомияти арзӣ, адолат ва инсофест, ки ҷумҳурии исломии Эрон аз он дифоъ мекунад .