Март 05, 2017 21:13 Asia/Dushanbe
  • Содироти нахустин маҳмулаи софии диализи эронӣ ба Олмон

Дабири Консортсиуми диализи Эрон гуфт, барои нахустин бор дар санъати диализ, софиҳои диализи тавлидшуда тавассути як ширкати эронӣ ба Олмон содир шуд.

Навзар Муртазавӣ, Консортсиуми диализи Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Софиҳои диализ ба арзиши 500 ҳазор евро ба суфориши як ширкати олмонӣ ва бо талоши мутахассисони эронӣ тавлид шудааст ва арзиши кулли маҳмулаи содиротӣ то авосити моҳи марти ҷорӣ ба як миллион евро мерасад .

Муртазавӣ хотирнишон кард: Фароянди тавлиди софии диализ, таҳти стандартҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо сурат гирифтааст ва пешбинӣ мешавад, беш аз се миллион евро содироти софии диализ ва қатаоти нимасохтаи малзумоти диализ ба Олмон ва соири кишварҳои аврупоӣ анҷом шавад .

Софии диализ ҳаётитарин маҳсул дар фароянди диализ аст ва дар нақши гурдаи маснуӣ амал мекунад .

Бемороне, ки дучори норасоии пешрафтаи гурда ҳастанд, танҳо бо пайванди гурда ё дармони нигаҳдорандаи диализ метавонанд ба ҳаёти худ идома диҳанд .

Софии диализи Эрон пеш аз ин ба Сурия, Тоҷикистон, Гурҷистон ва Ироқ содир шудааст .

 

Барчасп