Аҳмад Азизӣ, шоири эронӣ даргузашт
Март 06, 2017 20:02 Asia/Dushanbe
Аҳмад Азизӣ, шоири номии Эрон пас аз 9 соли мубориза бо беморӣ дар бемористоне дар шаҳри Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон даргузашт.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Аҳмад Азизӣ дар даврони ҳаёташ 14 маҷмуаи шеъри инқилобӣ ва ҳамосӣ аз худ ба ёдгор гузошт .
Вай 9 соли пеш ба иллати ихтилолоти гурда дар бемористон бистарӣ шуд ва ба кома рафт ва саранҷом имрӯз дар синни 59 солагӣ дар Бемористони имом Ризо (а) Кирмоншоҳ даргузашт .
Кафшҳои мукошифа, Шарҷии овоз, Тарҷумаи захм, Борони парвона, Рудхонаи руъё, Малакути такаллум ва Сели гулсурх аз ҷумлаи осори ин шоири эронӣ аст .