Вазири фарҳанги Эрон: Шеър забони муштараки инсонҳост ва марз намешиносад
Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, дар маросими ихтитомияи Ҷашнвораи шеъри Фаҷр дар Машҳад, гуфт, шеър забони муштараки инсонҳо аст ва марз намешиносад.
Доктор Сайидризо Солеҳии Амирӣ- вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, шомгоҳи чаҳоршанбе дар маросими ихтитомияи ин ҷашнвора, тадовуми ҳувияти эронӣ – исломиро марҳуни шеър ва адаби форсӣ донист ва афзуд, пешинаи таърихии фарҳанги милали форсизабон ҳамчун Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, дар шеър ва адаб реша дорад ва ин сармояи бузург фанонопазираст.
Доктор Солеҳии амирӣ бо баёни ин ки шеър дар гузари замон, ранги кӯҳнагӣ ва фаромӯшӣ ба худ намегирад, афзуд, густариши шабакаҳои маҷозӣ ҳамаи арсаҳоро таҳти шуъоъи худ қарор дода, ликин арсаи шеър ва шоирӣ моҳияти вуҷуди худро ҳифз кардааст.
Вай бо ишора ба таваҷҷӯҳи вижаи имом Хумайнӣ (раҳ) ва ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ба арзиши шеър ва шоирӣ, таъкид кард, иззат ва иқтидори Эрон дар паҳнаи байналмилалӣ, ношӣ аз фарҳанги ғанӣ ва эҳтимом ба шеъру фарҳанги форсӣ аст.
Доктор Солеҳии Амирӣ барпоии Ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷрро, зисти муштараки инсонҳои фарҳехта хонд ва тасреҳ кард, дунёи имрӯз, ки шоҳиди хушунат, зулм ва нобаробриҳои иҷтимоӣ аст, беш аз пеш ниёзманди шеър ва тарвиҷи сулҳ ва навъдӯстӣ аст.
Дар ихтитомияи ёздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷр, ки бо ҳузури ҷамъе аз шоирон, нависандагон ва фарҳехтагони адаби форсӣ аз ҳафт кишвар- Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Туркия, Ироқ ва Покистон баргузор шуд, аз баргузидагони арсаи шеъри форсӣ, чанд китоб ва таълифи бартар бо эҳдои лавҳ ва ҳадоёе таҷлил шуд.
Аз кишвари Тоҷикистон, хонум Гулноз Тоҳирён ва Хайруддини Хайрандеш ва Авзар Салимов ба унвони шоирон бартар шинохта шуда ва муваффақ ба дарёфти тандис ва ҳадоё шуданд.