Март 10, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими футболи соҳилии Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии Багамаи Амрико

Тими футболи соҳилии Эрон бо ғалаба бар Ҷопон, зимни роҳёбӣ ба финали рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, иҷозаи ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии “Багама”-и Амрико дар соли 2017-ро касб кард.

Тими футболи соҳилии Эрон рӯзи ҷумъа дар ниманиҳоии рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки дар Малайзия баргузор шуд, бо натиҷаи 8 бар 6 Ҷопонро шикаст дод.

Тими футболи соҳилии Эрон бо ин натиҷа иҷозаи ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии 2017-и футболи соҳилӣ дар Багамаи Амрикоро касб кард.

Эрон дар финали ин мусобиқот дар баробари тими Иморот қарор мегирад.

Тими футболи соҳилии Иморот ҳам бо шикасти Лубнон ба финали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Малайзия роҳ ёфт.

Тимҳои футболи соҳилии Лубнону Ҷопон дидори раддабандии рақобатҳои қаҳрамонии Осиёро баргузор мекунанд.

Тимҳои аввал то сеюм дар ин рақобатҳо ба Ҷоми ҷаҳонии 2017-и Багама, ки аз 27-уми апрел то ҳафтуми май идома дорад, роҳ меёбанд.

 

Барчасп