Тавзеҳи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи амлоки Сафорати Эрон дар Душанбе
(last modified Sat, 11 Mar 2017 06:24:59 GMT )
Март 11, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи амлоки Сафорати Эрон дар Душанбе

Равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи фурӯши амлоки Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон тавзеҳоте ироа кард.

Равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Эрон тавзеҳотеро дар бораи интишори хабаре таҳти унвони “Муҷаввизи Рӯҳонӣ ба Зариф барои фурӯши 27 милки хориҷӣ”, ки дар таърихи 9-уми исфандмоҳи соли ҷории шамсӣ дар бахши “вижаҳо”-и рӯзномаи “Хуросон” мунташир шуд, ироа кард.

Дар ин тавзеҳ омадааст: “Дар соли 1371 бо таваҷҷуҳ ба равобити дӯстона ва таомулоти сиёсии наздики Эрон бо давлати Тоҷикистон, сохтмони кунунии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ба масоҳати 945 метри мураббаъ аз сӯйи давлати Тоҷикистон дар ихтиёри Сафорати Эрон қарор гирифт. Тайи солҳои гузашта 27 сохтмон аз амлоки муҷовири сохтмони Сафорати Эрон, ки бархе аз онҳо камтар аз 20 метри мураббаъ масоҳат доштанд, низ харидорӣ гардид ва ба амволи аслӣ пайваст шуд, аммо бо таваҷҷуҳ ба қарор гирифтани амволи Сафорати Эрон дар тарҳи тавсеаи шаҳри Душанбе, давлати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ин тарҳ ҳамкории Эронро дархост намуд”.

Дар идомаи ин тавзеҳот омадааст: “Дар канори ин ки тибқи урфи байналмилалӣ тамоми намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ муваззаф ба ҳамкорӣ бо кишвари мизбон ҷиҳат иҷрои тарҳҳои миллӣ мебошанд, давлати Тоҷикистон пазируфт, ки дар қиболи ҳамкории Эрон, илова бар пардохти арзиши амлоки ёдшуда, қитъаи замин ба вусъати дувуним гектарро ҷиҳати бунёди сохтмони ҷадиди Сафорат Эрон дар Душанбе ихтисос диҳад, ки бар ин асос проекти эҳдоси сохтмони ҷадиди сафорат низ дар ҳоли итмом мебошад. Лозим ба зикр аст, ки бар асоси қонун, ҳар гуна тағйир ва таҳаввул ва вогузории амволи давлатӣ мусталзими дарёфти муҷаввиз аз ҳайати давлати Эрон буда ва муҷаввизи мавриди ишораи он рӯзнома, дар воқеъ муҷаввизи содиршуда аз сӯйи давлати Эрон ҷиҳати вогузории ин амлок ба давлати Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бар ин асос хабари мунташира бо унвони фавқ фоқиди сиҳат аст”.