Март 11, 2017 17:52 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими футболи соҳилии Эрон дар Осиё

Тими футболи соҳилии Эрон бо пирӯзӣ муқобили Иморот, қаҳрамони Осиё шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, тими футболи соҳилии Эрон рӯзи шанбе дар дидори поёнии рақобатҳои қаҳрамонии футболи соҳилии Осиё 2017 дар Малайзия, бо натиҷаи 7 бар 2- тими Иморотро шикаст дод ва муқтадирона қаҳрамони Осиё шуд.

Тими футболи соҳилии Эрон, рӯзи ҷумъа бо ғалаба бар Ҷопон зимни роҳёбӣ ба марҳалаи ниҳоии рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ҷавози ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии « Багам»-и Амрико дар соли 2017-ро касб карда буд.

Тими футболи соҳилии Ҷопон ҳам бо шикасти Лубнон дар дидор радабандӣ зимни касби мақоми сеюми рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ҷавози ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии 2017 Багамро дар Амрико касб кард.

Ҷоми ҷаҳонии « Багам»-и Амрико дар соли 2017, аз 27 апрел то 7 моҳи майи оянда, баргузор мешавад.

 

Барчасп