Март 12, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Рехтани хуни бегуноҳон: Охирин василаи террористҳо дар Сурия

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҷинояти гурӯҳҳои террористиро дар ҳарами ҳазрати Сакина духтари имом Ҳусайн (ъ) дар пойтахти Сурия, маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Баҳроми Қосимӣ шомгоҳи шанбе зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Сурия, бозмондагони сурӣ ва хориҷии ин ҷиноят, гуфт, террорҳои кӯр, куштор ва рехтани хуни бегуноҳон, аз ҷумла аз занон ва кӯдакон, охирин василаи террористҳое аст, ки дар пайи шикастҳои мукаррар ва муфтазеҳонаи худ дар арсаҳои мухталиф, беш аз пеш инон аз даст додаанд.

Дар инфиҷорҳои террористии рӯзи шанбе, дар мақоми ҳазрати Сакина-духтари имом Ҳусайн (ъ) дар минтақаи мақбараи Боби Сағир Димишқи Сурия дастикам- 59 зоири ироқӣ шаҳид ва 120 тани дигар захмӣ шуданд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, афзуд, террористҳо ва ҳомиёни ошкору ниҳони онон ба хубӣ огоҳанд, ки дар арсаи низомӣ дар остонаи шикастҳои бештар ва дар маърази табоҳӣ ва инҳидоми комил қарор доранд, аз ин рӯ, бо халқи чунин фоҷтӯиаҳои инсонӣ қасди бар ҳам задани фароянди сулҳ, гуфтугӯ ва истимрори оташбас ва таҳаққуқи субот дар Сурияро доранд.

 

 

Барчасп