Ҷамъияти Эрон ба беш аз 79 миллион нафар расид
Март 13, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
Раиси маркази омори Эрон гуфт, бар асоси саршумории соли 1395 суръати афзоиши ҷамъияти Эрон бо 01/2 афзоиш, ба 79 миллиону 26 ҳазору 270 нафар расид.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Умеди Алипорсо раиси Маркази омори Эрон, дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон, афзуд, бар асоси натоиҷи саршумории ахир дар Эрон, ҷамъияти ин кишвар дар шаҳрҳо 59 миллиону 146 ҳазор нафар ва ҷамъияти русто, ҳудуди 20 миллиону 731 ҳазор нафар аст.
Раиси Маркази омори Эрон, теъдоди мардонро дар ин кишвар 40 миллиону 498 ҳазор нафар ва теъдоди занонро ҳудуди 39 миллиону 428 ҳазор нафар эълом кард.
Барчасп