Март 14, 2017 17:50 Asia/Dushanbe
  • Сиёмаки Мурреҳ Сидқ
    Сиёмаки Мурреҳ Сидқ

Намояндаи калимиён дар Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ёвасароии афроди нажодпараст, назири нахуствазири режими саҳюнистӣ, асаре дар эътиқоди росихи яҳудиёни озода ба амалкарди тавҳидӣ ва поки миллати шарифи Эрон нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сиёмаки Мурреҳ Сидқ- дар ҷаласаи алании имрӯз (сешанбе) Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ, маҷнуни хуношоме аст, ки ҳамвора нақше ба ҷуз масмум кардани фазо, куштор кӯдакон ва занони бегуноҳ ва ишғоли золимонаи заминҳои мардуми Фаластин надоштааст.

Натаняҳу дар чанд рӯзи ахир, дар идомаи талошҳои тахриби чеҳраи Эрон муддаӣ шуда буд, ки эрониҳо аз 2500 сол қабл ба думболи нобуд кардани яҳудиён будаанд.

Сиёмаки Марреҳ Сидқ афзуд, дар тӯли таърих аз замони раҳоии яҳудиён аз асорати Бобил тавассути эрониён ва дар даврони қуруни вусто ва дар даврони Ҷанги ҷаҳонии дуввум ва наслкушии Олмони нозӣ, миллати шариф ва муваҳҳиди Эрон, ҳамвора ҳомии яҳудиён будаанд ва аз сӯе эрониёни яҳудӣ ба унвони шаҳрвандони ин сарзамини тавҳидӣ, ҳамвора тамоми талоши худро барои пешрафти фарҳанг ва дифоъ аз ин сарзамин ба кор бурданд.

Намояндаи калимиён тасреҳ кард, тамоми эрониён ҳар гуна дахолати хориҷӣ дар масоили дохилии Эронро ҳаракате бар зидди манофеъи миллии эронӣ, медонанд ва суиистифода аз мафоҳиме, монанди ҳуқуқи башарро алайҳи кишварҳои мустақил ва озода маҳкум мекунанд.

 

 

Барчасп