Март 18, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Вазири гардишгарии Тотористон: Саросари Эрон рӯёӣ аст

Вазири гардишгарии Тотористон гуфт, Эрон аз паҳнаи обии Халиҷи Форс дар ҷануб, то шимол ва Дарёи Хазар, саросар зебо, рӯёӣ ва барои гардишгарӣ ҷаззоб аст.

Сергей Иванов, вазири гардишгарии Тотористон дар боздид аз ғурфаи Эрон, дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Маскав, афзуд, равобити Эрон ва ҷумҳурии Тотористон дар қолаби ҳамкориҳои калони Маскав- Теҳрон, дӯрнамоӣ хубе дорад, ки яке аз ин арсаҳо гардишгарӣ аст.

Иванов тасреҳ кард, Эрон ҷозибаҳои фарҳангӣ, мероси бостонӣ ва ҷаззобиятҳои зиёде дорад, ки метавон аз ин тавонмандиҳо барои густариши равобити гардишгарӣ бо Тотористон, баҳра гирифт.

Вай ҳамчунин гуфт, ҷумҳурии Тотористон низ марокизи фарҳангии сабт шуда ва табиати зебое дорад ва метавонад, барои гардишгарон ва ҷаҳонгардони эронӣ ҷаззоб бошад ва муҳиммтарин нуқтаи қувват низ фарҳанги исломӣ ва меҳмонпазирӣ байн тотористониҳо ва эрониҳо аст.

Иванов таъкид кард, ҳамкорӣ бо Эрон дар арсаҳои мухталиф бавижа гардишгарӣ барои Тотористон, аҳамияти зиёде дорад ва дар ин замина барномарезӣ шудааст.

 24-умин намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Маскав бо ширкат 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эрон ба муддати се рӯз баргузор шуд. Ин намоишгоҳ рӯзи панҷшанбе 16-ум марти ҷорӣ ба кори худ поён дод.

 

Барчасп