Март 20, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб соли 1396 -ро соли  “Иқтисоди муқовиматӣ: тавлид-иштиғол” ном ниҳоданд.
    Раҳбари муаззами инқилоб соли 1396 -ро соли “Иқтисоди муқовиматӣ: тавлид-иштиғол” ном ниҳоданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1396 –и ҳиҷрии шамсӣ (Наврӯз), бо табрики валодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва Иди Наврӯз ба тамоми эрониён, ба вижаи хонаводаҳои муаззами шаҳидону исоргарон ва бо орзӯи соле ҳамроҳ бо баракат, амният ва рифоҳ барои мардуми Эрону мусалмонони ҷаҳон, соли ҷадидро соли “Иқтисоди муқовиматӣ: тавлид-иштиғол” номгузорӣ карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ соли 1395-ро ҳамроҳ бо талхиҳову шириниҳое барои миллати Эрон донистанд ва бо ишора ба бархе аз муҳимтарин авомили шодкомии миллат дар соли гузашта, афзуданд: “Иззати Эрон ва ҳувияти миллати азиз дар тамоми қазияҳои соли 95 машҳуд буд ва душманон дар ҳама ҷойи дунё ба иқтидору азамати миллати Эрон эътироф карданд”.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳузури пуршӯру ғайратмандонаи мардум дар рӯзи 22-и баҳман дар посух ба беэҳтиромии раиси ҷумҳурии Амрико ва ҳамчунин иҷтимои азими мардум дар рӯзи Қудсро нишондиҳандаи ҳувияту аҳдофи волои мардуми Эрон хонданду гуфтанд: “Бо вуҷуди он ки ҳамсоягони Эрон ва кишварҳои минтақа дучори ноамнӣ ҳастанд, амнияти Эрон дар муҳити пурталотуми минтақаӣ ва байналмилалӣ шохиси бисёр муҳиме буд ва миллати Эрон дар тӯли сол амнияти пойдорро таҷриба кард”.

Ҳиммати ҷавононаву ҳаракоти муъминонаи фарогир, ду шохиси дигар дар арзёбии муваффақиятҳову пешрафтҳои миллати Эрон буд, ки Раҳбари инқилоби исломӣ ба он ишораву хотирнишон карданд: “Мушоҳидаву иттилоъ аз фаъолиятҳои пуршӯру мубтакиронаи илмӣ, фарҳангӣ, тавлидӣ ва варзишии ҳазорон гурӯҳи ҷавон дар саросари Эрон ва баргузории ҷаласоту фаъолиятҳои гарму гирои динӣ, аз ҷумлаи нуқоти мусбату шодиофарин барои кишвару миллати Эрон аст”.

 Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба таъкид бар “иқдому амал” дар номгузории соли 1395 ва анҷоми корҳои хубе ки масъулини Эрон гузориши онро додаанд, гуфтанд: “Албатта фосилаи зиёде миёни корҳои анҷомшуда бо интизороти мардуму раҳбарӣ вуҷуд дорад ва оморҳои мусбату манфиро бояд дар маҷмӯъ мушоҳида кард”.

Эшон тавваҷуҳ ба номи “иқтисоди муқовиматӣ”-ро ба танҳоӣ муассир надонистанду дар хусуси роҳи ҳаллу илоҷи вазъи кунунӣ афзуданд: “Илоҷ, дар тақсим кардани иқтисоди муқовиматӣ ба нуқоти калидӣ ва муҳим ва тамаркузи ҳамаи ҳиммати масъулину мардум бар он нукот аст ва ин нукоти калидӣ иборат аст аз тавлиди дохилӣ ва иштиғол, ба вижа иштиғоли ҷавонон”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бар асоси ҳамин зарурат, соли 1396-ро “Иқтисоди муқовиматӣ: тавлид-иштиғол” номгузорӣ карданду гуфтанд: “Тамаркузу барномарезӣ бар рӯйи ин нукоти калидӣ, мутолибаи раҳбариву мардум аз масъулин ва муҷиби падид омадани муваффақиятҳои чашмгиру эҳсосшаванда аст ва масъулин бояд натоиҷро дар поёни сол ба мардум гузориш кунанд.

 

Барчасп