Март 26, 2017 15:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Теҳрон

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳузури муовини аввали раисҷумҳури Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа-Алӣ Акбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомӣ-намояндаи дафтари Созмони милал-намояндаи дафтари минтақаи ЮНЕСКО-сафирон ва ройзанҳои фарҳангии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Кохи Гулистони Теҳрон баргузор шуд.

Ба иттилои Ирно, иҷрои мусиқӣ ва ойинҳои маҳаллии наврӯзии манотиқи мухталифи кишвар, рӯнамоӣ аз тамбри Наврӯз ва намоишгоҳҳои наврӯзӣ аз барномаҳои Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аст. Барпоии намоишгоҳи акс шомили ҷилваҳои Наврӯз дар кишварҳои узви парвандаи Наврӯз, аснод ва тасовири торихии Наврӯз, осори Эрон дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва саноеи дастии Эрон ва баргузории намоишгоҳи арусакҳои наврӯзӣ аз дигар барномаҳои ин маросим аст .

Муовини раисҷумҳурӣ ва раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон дар ин маросим гуфт: Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ ва фаромиллӣ аст, ки решаи эронӣ дорад.

Заҳро Аҳмадипур афзуд: Бо Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, маданияти се ҳазор солаи Эронро арҷи менаҳем ва Наврӯз ҷилвае муҳим аз фарҳанги ғании мардуми Эрон аст, ки бо ҳофизаи мардум пайванд дорад .

Муовини раисҷумҳур таъкид кард: Мардуми Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ- Қафқоз-шибҳқорраи Ҳинд ва Балкан Наврӯзро ҷашн мегиранд ва ин ҷуғрофиёи васеъ ва даъват ба навъдӯстӣ дар мафҳуми ин ҷашн боис шуда, то Созмони милал таваҷҷуҳи вижае ба Наврӯз дошта бошад. Аҳмадипур гуфт: Бузургдошти Наврӯз бо 12 кишвари узви парвандаи он дар ЮНЕСКО-фурсати муғтанамест, ки ҷаҳониён бо нигоҳ ба он барои амнияту сулҳи ҷаҳонӣ қадам бардоранд.

Ҷашни Наврӯз дар соли 1388 ба унвони бузургтарин мероси номалмуси ҷаҳонӣ бо узвияти ҳафт кишвар аз ҷумла Эрон ба сабти ЮНЕСКО расид ва дар соли 1395 бо изофа шудани панҷ кишвари дигар ба ин парванда-басурати 12 миллиятӣ дар мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сабт расид .