Март 27, 2017 18:07 Asia/Dushanbe

Раисиҷумҳури Эрон имрӯз ба даъвати расмии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ роҳии Маскав шуд.

Ҳамкорамон Алии Доробӣ дар Маскав, дар гузорише сатҳи равобити Эрон ва Русияро баррасӣ ва дар ин бора бо Михаил Шведокой-намоянда ва мушовири вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури байналмилалӣ, Мария Захарова- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия ва Маҳдии Саноӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, гуфтугӯ кардааст.