Март 28, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Амрико тақвияти тавонмандиҳои Эронро пас аз БАРҶОМ эътироф кард

Намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милал гуфт, БАРҶОМ мунҷар ба тавонмандии Эрон шуда, роҳандозии таҳрими дубораро ‏ба ин кишвар душвор кардааст.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз торнамои AIPAC, Некки Ҳейли, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милал, ки рӯзи душанбе дар конфронси солонаи Кумитаи умури умумии Амрико-Исроил (AIPAC) сухан мегуфт, ба дастоварди муҳими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бардоштани таҳримҳои байналмилалӣ ишора карда гуфт, метавон як кишварро таҳрим кард, вале вақте таҳримҳо бардошта шавад, дигар содда нахоҳад буд, ки дубора онҳоро эъмол кард. Намояндаи Амрико дар Созмони Милал афзуд, тавофуқ бо Эрон фақат ба тавонмандсозии Эрону Русия анҷомид ва ба Эрон ин ҷуръатро дод, ки ба ҳар чӣ мехоҳад, метавонад бирасад. Намояндаи Амрико дар Созмони Милал ҳамчунин аз фазои зидди режими саҳиюнистӣ дар Созмони Милал интиқод карда гуфт, набояд иҷоза дод, дубора чизе шабеҳи қатъномаи шаҳраксозӣ алайҳи Исроил дар Шӯрои амният тасвиб шавад.

Шӯрои амният дар соли гузашта қатъномаеро алайҳи шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин тасвиб кард, ки Амрико ба ин қатънома раъйи мумтанеъ (номумкин) дод.‎

Конфронси солонаи AIPAC бо ҳадафи таҳкими равобити режими ишғолгари Қудс бо ҳукумату Конгресси Амрико дар Вашингтон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп