Март 28, 2017 12:33 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити Теҳрону Маскавро рӯ ба тавсеа хонда таъкид кард, Эрон аз густариши равобит бо ҳамсоягони минтақаӣ, аз ҷумла Русия истиқбол мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон шаби душанбе дар дидор бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар Маскав гуфт: «Умедворам, дар ин сафар шоҳиди таҳаввули ҷадиде дар раванди тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва масоили байналмилалӣ бошем». Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои Теҳрону Маскав дар бораи масоили минтақаию байналмилалӣ изҳор кард, бетардид, ҳамкориҳои Эрону Русия дар раванди суботу амнияти минтақаию байналмилалӣ таъсири мусбате хоҳад гузошт.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ дар ин дидор бо табрики Наврӯз ба раисҷумҳур ва миллати Эрон гуфт, Русия тасмим ба густариши равобити худ дар ҳама ҳавзаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад. Нахуствазири Русия бо баёни ин ки сафари раисҷумҳури Эрон ба Маскав барои тавсеаи равобити ду кишвар муҳим аст, изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир фазои хубе дар равобити ҳасанаи ду кишвар ҳоким аст ва тардиде нест, ки ин сафар кумаки шоёне ба густариши равобити Теҳрону Маскав хоҳад шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, ки бо даъвати расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия асри душанбе вориди Маскав шудааст, имрӯз бо раисҷумҳури Русия дидори расмӣ хоҳад дошт ва дар ин дидор равобити дуҷониба, минтақаию байналмилалии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин рӯзи сешанбе унвони "Доктори ифтихорӣ"-и Донишгоҳи давлатии Маскав ба раисҷумҳури Эрон эъто мешавад ва Рӯҳонӣ дар ҷамъи устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ дар бораи муҳимтарин масоили байналмилалӣ суханронӣ хоҳад кард.

 

Барчасп