Март 28, 2017 16:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Эрон бар азми ҷаҳонӣ дар мубориза бо ифротгароӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) гуфт, зарурати азми ҷаҳонӣ барои мубориза бо решаҳои хушунат ва ифротгароӣ беш аз ҳар замони дигаре дар ҷаҳон, имрӯз эҳсос мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар маросими вижа, пас аз дарёфти доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Маскав, афзуд, уфули сайтараи Ғарб ва поёни инҳисори сарват, фурсате таърихӣ барои бино кардани бунёнҳои ҷаҳонии ҷадид аст ва акнун азми ҷаҳонӣ барои мубориза бо решаҳои хушунат ва ифротгари, зарурӣ аст.

Вай бо таъкид бар ин ки исломҳаросӣ, нажодпарастӣ ва андешаҳои такфирӣ, решаи муштарак доранд, гуфт, ҷаҳониён бояд иҷборро ба интихоб, таҳмилро ба таҳаммул, таҳқирро ба такрим ва хушунату ифротро ба муҳаббат ва мудоро табдил кунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ба даъвати расмии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, асри душанбе вориди Маскав шуд, баъд аз зӯҳри имрӯз бо ҳамтои русиаш музокироти расмӣ хоҳад дошт.

Рӯҳонӣ имрӯз ҳамчунин бар мазори шаҳиди гумноми Русия, дар пойи девори Кохи Кремл ҳузур ёфт ва бо нисори тоҷи гул ба мақоми шаҳидони гумном, адои эҳтиром кард.

Дидор бо эрониёни муқими Русия дар Маскав, поёни бахши барномаҳои сафари расмии ду рӯзаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия хоҳад буд.

 

 

 

Барчасп