12-уми фарвардин – Рӯзи ҷумҳурии исломӣ
12-уми фарвардин дар Эрон Рӯзи ҷумҳурии исломӣ аст.
Миллати Эрон дар рӯзҳои 10, 11-уми фарвардини соли 1358-и хуршедӣ, баробар бо 29, 30-юми марти соли 1979-и мелодӣ камтар аз ду моҳ пас аз пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ дар ҳамапурсии сарнавиштсози таъйини низоми Ҳукумати Эрон ширкат карданд.
Рӯзи 12-уми фарвардини соли 1358, баробар бо 31-уми март низ натоиҷи ин ҳамапурсӣ эълом ва мушаххас шуд, ки 98,2 дарсади раъйдиҳандагон ба истиқрори ҷумҳурии исломӣ дар Эрон раъйи мусбат доданд.
Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ин рӯз фармуданд: "Субҳгоҳи 12-уми фарвардин, ки рӯзи нахустини ҳукумати Аллоҳ аст, аз бузургтарин идҳои миллию мазҳабии мост ва миллати мо бояд ин рӯзи бузургро ид бигиранду зинда нигаҳ доранд. Рӯзе, ки кунгураҳои қасри 2500-солаи ҳукумати тоғутӣ фурӯ рехт ва султаи шайтонӣ барои ҳамеша рахт барбаст, ҳукумати мустазъафин ҷонишини он гардид”.
Ин рӯз дар тақвими Эрон рӯзи таътили умумӣ аст.