Эрон: Таҳримҳои иқтисодии якҷониба нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ аст
Ҳайати парлумонии эъзомнамудаи Эрон дар 136-умин Иттиҳодияи байнипарлумонӣ дар Бангладеш таҳримҳои иқтисодии якҷониба ва дигар тадобири таҳдидомези зидди кишварҳоро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ донист.
Ба гузориши ИРНА, Масъуд Ризоӣ, узви ҳайати парлумонии Эрон рӯзи якшанбе дар 136-умин Иттиҳодияи байнипарлумонӣ дар Бангладеш гуфт, мудохила дар умури дохилии кишварҳо, ишғол ва ифротгароӣ на фақат сулҳ, амният ва тавсеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад, балки ҳамбстагии ҷомеаи байналмилалиро дар маърази таҳдид қарор додааст. Узви ҳайати парлумонии эъзомнамудаи Эрон ба Бангладеш таъкид кард, тақсими кишварҳо ба хуб ё бад бар асоси меъёрҳои якҷонибаву беасос ва низ докторинаи ҳамлаи пешгиронаи бархе кишварҳо хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ аст.
Иттиҳодияи байнипарлумонӣ дар соли 1889 таъсис шуд ва мақарри доимии он дар Женеваи Швейтсария аст. Ин иттиҳодия дар ҳоли ҳозир 150 узви аслӣ ва ҳашт узви вобаста дорад.