Вокуниши ҳайати порлумонии Эрон ба иддаои ҳимояти Теҳрон аз Толибон
-
аиси ҳайати порлумонии Эрон ба намояндаи ҳайати Афғонистон тавсия кард, аз изҳороти номаъқулу мухарриб парҳез кунад.
Раиси ҳайати порлумонии Эрон иттиҳоми иртиботу ҳимояти Эрон аз гурӯҳи Толибони Афғонистонро иддаои тааҷҷуббарангезу хандаовар хонду гуфт, Эрон худ аз қурбониёни аслии гурӯҳи Толибони Афғонистон аст.
Ба гузориши хабаргузории Маҷлиси Эрон, Ғуломалӣ Ҷаъфарзода Эманиободӣ, раиси ҳайати порлумонии Эрон дар садусивушашумин иҷлоси иттиҳоди байналмаҷолиси ҷаҳонӣ дар шаҳри Дака, пойтахти Бангладеш, дар вокуниш ба иддаоҳои намояндаи ҳайати Афғонистон гуфт, иддаои ҳимояти Эрон аз гурӯҳи Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Эрон аз қурбониёни аслии ин гурӯҳ будаву дипломатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 1997 дар Мазори Шариф ба дасти Толибон ба шаҳодат расиданд.
Ҷаъфарзода Эманиободӣ афзуд, Эрон аввалин кишваре буд, ки дар бораи паёмадҳои мухарриби Толибон ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳушдор додаву ҳазинаҳои сангини моддиву маънавии зиёде ба сабаби буҳрон дар Афғонистон пардохт кардааст.
Намояндаи маҷлиси Эрон ба мизбонии беш аз 30 солаи Эрон аз миллионҳо овораи афғонистонӣ ишора карду гуфт, иттиҳомоти беасоси намояндаи ҳайати Афғонистон бидуни дар назар гирифтани воқеиятҳои равшан, на ба нафъи мардуми он кишвар асту на ба ҳалли мушкилоти Афғонистон кӯмак мекунад.
Раиси ҳайати порлумонии Эрон дар Бангладеш ба намояндаи ҳайати Афғонистон тавсия кард, аз изҳороти номаъқулу мухарриб парҳез кунаду таҳти таъсири таҳрикоти бадхоҳони ду кишвар қарор нагирад.