Апрел 04, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • 51 ҳазору 410 донишҷӯи хориҷӣ дар Эрон машғул ба таҳсил ҳастанд.
    51 ҳазору 410 донишҷӯи хориҷӣ дар Эрон машғул ба таҳсил ҳастанд.

Муовини умури байналмилалии вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт, 13 донишгоҳи Эрон дар байни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор доранд.

Ҳусайн Солори Омулӣ, муовини умури байналмилалии вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон таъкид кард, дар рутбабандии муассисаи Томсон Ройтерс дар соли 2017, 13 донишгоҳи эронӣ дар байни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор гирифтанд ва ин баёнгари тавонмандии илмии Эрон барои ҳузур дар арсаи байналмилалӣ аст.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар лузуми сармоягузорӣ барои ҷазби донишҷӯёни хориҷӣ гуфт, ҳамакнун 22 ҳазору 777 донишҷӯи хориҷӣ дар донишгоҳҳои саросарии Эрон ва дар маҷмӯъ 51 ҳазору 410 донишҷӯи хориҷӣ дар Эрон машғул ба таҳсил ҳастанд.

 Муҳаммади Фарҳодӣ, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон чанде пеш эълом кард, рутбаи илмии Эрон дар ҷаҳон бар асоси гузориши ду пойгоҳи истинодии Scopus рутбаи шонздаҳ ва дар минтақаву ҷаҳони Ислом рутбаи аввал аст.