Апрел 04, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Номи варзишкорони паралимпикии Эрон дар китоби Гиннес сабт шудааст
    Номи варзишкорони паралимпикии Эрон дар китоби Гиннес сабт шудааст

Номи чаҳор варзишкор ва як тими паралимпики Эрон дар китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес ба сабт расидааст.

Ба иттилои сайти расмии Кумитаи миллии паралимпики Эрон, номи Сиёманди Раҳмон, Маҷиди Фарзин, Заҳро Неъматӣ ва Муртазо Меҳрзод ба ҳамроҳи тими миллии волейболи нишастаи мардони Эрон ба унвони рекорддорон дар китоби Гиннес ба сабт расидааст .

Бар асоси ин гузориш, Сиёманди Раҳмон дар торихи чаҳоруми декабри соли 2011 дар дастаи 100+ килограмм дар Шарҷаи Иморот муваффақ шуд, вазнаи 291 килограммро маҳор кунад ва дар бозиҳои паралимпики 2012 Лондон низ бо маҳори вазнаи 280 килограммӣ муваффақ ба касби медали тилло шуд .

Маҷӣди Фарзин дигар вазнабардори паралимпикии Эрон аст, ки дар дастаи 80- килограмм дар бозиҳои паралимпики 2016 Рио муваффақ шуд, вазнаи 240 килограммиро болои сар бурда медали тиллои ин дастаро аз они худ кунад .

Заҳро Неъматӣ бонуи камондори Эрон низ 30 майи соли 2010 дар мусобиқоте, ки дар ҷумҳурии Чехия баргузор шуд, дар модаи рекурв муваффақ ба касби 622 имтиёз шуд ва дар паралимпики Лондон бо 613 имтиёз ба унвони қаҳрамонии он мусобиқот расид .

Ҳамчунин Муртазо Меҳрзод бо баландии қомати ду метру 46 сантиметр ба унвони баландқадтрин варзишкори торихи бозиҳои паралимпик дар Рио 2016 ҳузур дошт .

Тими волейболи нишастаи мардони Эрон ҳам бартарин тими волейболи нишастаи ҳамаи давраҳои паралимпик аст, ки дар солҳои 1988, 1992, 1996, 2000, 2008 ва 2016 қаҳрамон шудааст .