Апрел 05, 2017 20:58 Asia/Dushanbe
  • Баҳроми Қосимӣ - сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Баҳроми Қосимӣ - сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи истифода аз силоҳҳои химиявӣ наздики шаҳри Идлиби Сурия гуфт: Теҳрон ҳар навъ корбурди силоҳи химиявиро бидуни таваҷҷуҳ ба омилону қурбониёни он маҳкум мекунад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Баҳроми Қосимӣ афзуд: Меъёрҳои чандгона ва таблиғоти ҷиҳатдор бар асоси қазоватҳои зудҳангом ба нафъи хостаҳои сиёсии бархе аз тарафҳо, монеи бархурди решаӣ бо фоҷеъаҳое чун ба коргирии силоҳи химиявӣ дар Сурия шудааст .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи гурӯҳҳои террористии Сурия дар нақлу интиқол, захира ва ба коргирии силоҳҳои химиявӣ, Эрон муътақид аст, бетаваҷҷуҳӣ ба халъи силоҳи химиявии ин гурӯҳҳо як халали асосӣ дар раванди халъи силоҳи химиявӣ дар Сурия аст .

Ҳамлаи химиявии сешанбе ба минтақаи Хон Шайхун дар ҷануби Идлиби Сурия, беш аз яксад кушта ва ҳудуди 400 захмӣ ба ҷо гузошт .

Ситоди кулли артиши Сурия, истифода аз маводи химиявии саммӣ дар Идлибро рад кард ва гурӯҳҳои террористиро масъули ин ҳамлаи химиявӣ донист .

 

Барчасп