Апрел 08, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ: Ин ҳамла ба маънои тақвияти ифрот ва террор дар минтақа аст.
    Ҳасани Рӯҳонӣ: Ин ҳамла ба маънои тақвияти ифрот ва террор дар минтақа аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҳоҷуми мушакии Амрико ба Сурия,ҷаҳониёнро ба мухолифат бо ин гуна сиёсатҳо фаро хонд ва гуфт, ин сиёсатҳои Амрико натоиҷи мухаррибе барои минтақа ва ҷаҳон дорад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб дар паёми твиттерии худ дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия таъкид кард, ин ҳамла ба маънои тақвияти ифрот ва террор дар минтақа аст.

Рӯҳонӣ дар ин паём беқонунӣ ва беназмӣ дар ҷаҳонро комилан маҳкум донист.

 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар ин паём бо ишора ба ҳодисаи Хон Шайхуни Сурия ва истифода аз силоҳҳои химиявӣ дар ин минтақа гуфт, ҳодисаи Хон Шайхуни Сурия такондиҳанда ва маҳкум ва барои мардуми Эрон, ки солҳо қурбонии силоҳи химиявӣ будаанд, ёдовари фоҷеаи Сардашт, дар шимоли ғарби Эрон аст.

Амрико бомдоди ҷумъа ба баҳонаи ҳамлаи химиявии машкуки сешанбеи гузашта ба вилояти Идлиби Сурия, 59 мушак аз рӯйи ду нови ҷангии худ дар баҳри Медитарона ба пойгоҳи ҳавоии Ашшаъирот дар Ҳумси Сурия шиллик кард.

 Дар ин ҳамалоти мушакӣ, 9 ғайринизомии сурӣ, аз ҷумла чаҳор кӯдак кушта ва ҳафт нафари дигар ҳам захмӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Сурия ба коргирии ҳар гуна силоҳи химиявиро рад кардааст.

 

Барчасп