Апрел 09, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
  • 20-уми фарвардин, Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ - намоде аз худбоварӣ

20-уми фарвардин (имсол 9 апрел) дар тақвими ҷумҳурии исломӣ ба хотири қадрдонӣ аз талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон ва такмили чархаи сӯхти ҳастаӣ Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ номгузорӣ шудааст.

Дониши ҳастаӣ аз улуму фанновариаҳои хос маҳсуб мешавад ва доштани он барои бисёре аз кишварҳо ҳамвора як орзу будааст. Ин орзу бо як тарси ҷаҳонӣ дарҳам омехта шудааст. Аммо ин бадбинӣ чаро ба вуҷуд омада ва чӣ воқеаҳое сабаби шаклгирии нигоҳи тавъам бо ваҳшат ба энержии атомӣ шудааст? Воковии решаи ин нигаронӣ кори душворе нест. Замоне ки Амрико ба унвони ягона истифодакунандаи силоҳи атомӣ ду шаҳр, Ҳеросима Нагасакиро бомборони атомӣ кард, то пирӯзи ҷанг бошад, ҳастаи аввалияи ин нигаронӣ шакл гирифт. Пас аз он низ қудратҳои ҷаҳонӣ доштани силоҳи атомиро ба унвони чатри амниятии худ ҳифз карданд ва мусобиқа бар сари теъдоди кулоҳакҳои атомӣ ва радду бадалҳо барои эҷоди ҳамвазни ваҳшат ба гуфтумони ғолиб дар мавзӯи ҳастаӣ табдил шуд. Аз ин рӯ, нигоҳ ба ин фанноварӣ ҳамвора бо як тарсу нигаронӣ ҳамроҳ будааст. Тарс аз ин ки доштани ин дониш сабаби дастёбӣ ба силоҳи атомӣ мешавад, ҷаҳонро ба такопӯ водошт. Ҳамин кишварҳо бар сари муоҳидаи NPT тавофуқ карданд, то монеи густариши силоҳи атомӣ шаванд, дар ҳоле ки худ ин силоҳро дар ихтиёр доранд.

Панҷ узви доимии Шӯрои амният мутааҳҳид шуданд, ки гом ба гом ба самти костан аз ин силоҳ то нобудии комили он ҳаракат кунанд, аммо чунин нашуд. Акнун дар қарни 21 шоҳиди як рақобати мухаррибу хатари физояндаи густариши силоҳи атомӣ ҳастем. Барномаи густариши силоҳи ҳастаӣ аз сӯйи Амрико, Англия, Фаронса ва дигар дорандагони силоҳи атомӣ, аз ҷумла режими саҳюнистӣ ошкор аст. Ин ба маънои беэътиноӣ ба як тааҳҳуди байналамилалӣ аст, ки натиҷаи он густариши тарс аз бомби атомӣ аст. Ин раванд сабаб шудааст, то кишварҳои пойбанд ба муоҳидаи NPT дар баҳрамандӣ аз энержии ҳастаӣ бо чолиш мувоҷеҳ шаванд. Замоне ки Эрон низ ба дунё эълом кард, барномаи ҳастаияш истифодаи сулҳомез аз ин энержӣ аст, коршиканиҳо ва иттиҳомсозиҳои мавҳум шурӯъ шуда, таҳти анвои таҳримҳо қарор гирифт. Бетардид, убур аз ин монеаҳои боздоранда кори осоне набуд, аммо пешрафти ҳастаии Эрон дар арсаҳои сулҳомез бо вуҷуди таҳдидҳо, террору таҳримҳо мутаваққиф нашуд. Душманони миллати Эрон талош карданд, барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро таҳдид нишон диҳанд. Мақсади онҳо барчидани комили сохторҳои ҳастаии Эрон буд. Истодагии миллати Эрон ин талошҳоро беасар кард ва саранҷоми ин пойдорӣ шиносоии ҳуқуқи комили ҳастаии Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ буд. Шӯрои амният низ дар пайи имзои тавофуқи ҳастаӣ байни Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои амнияту Олмон бо тасвиби қатъномаи барномаи ҳастаӣ, аз ҷумла ғанисозӣ дар Эронро ба расмият шинохт.

Имрӯз номи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар радифи кишварҳои бархурдор аз ин дониш сабт аст ва Эрон вориди лоиҳаҳои бузурги ҳастаӣ, назири гудохти ҳастаӣ ва ҳамкориҳои ҳастаӣ дар сатҳи байналмилалӣ шудааст. Дар ростои ин ҳаракати ифтихорофарин фатвои сареҳу муҳими Раҳбари муаззами инқилоб мабнӣ бар ҳаром донистани тавлид, тавсеа ва истифода аз силоҳҳои атомию куштори ҷамъӣ фатвое буд, ки бисёре аз нақшаҳои шуми душманонро хунсо ва дар арсаи ҷаҳонӣ уфуқи ҷадидро боз кард.

 

Барчасп