Апрел 09, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Эрону Сурия

Раисҷумҳури исломии Эрон, ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ба кишвари мустақили Сурияро нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва маншури милали муттаҳид донист ва онро дубора маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Башшор Асад, ҳамтои сурии худ гуфт: Миллати Эрон дар мубориза бо терроризм ва ҳифзи тамомияти арзии Сурия ҳамчунон дар канори миллати ин кишвар хоҳад монд .

Рӯҳонӣ бо ибрози таассуф аз кушта шудани шуморе аз мардуми бегуноҳи Сурия дар ҳамлаи мушакии бомдоди ҷумъаи гузаштаи Амрико, бо хонаводаи қурбониёни ин ҳамла ибрози ҳамдардӣ ва барои маҷруҳон орзуи саломатӣ кард .

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба ҳамкории Сурия бо Созмони милали муттаҳид барои аз байни бурдани таслеҳоти химиявӣ, иддаоҳои матраҳшударо беасос ва бидуни санад хонд ва таъкид кард: Ингуна ҳамлаҳо фақат боиси руҳия додан ба террористҳое мешавад, ки дар моҳҳои ахир бо шикастҳои сангине дар Сурия ва Ироқ мувоҷеҳ шудаанд .

Рӯҳонӣ гуфт: Ҳамлаи мушакии Амрико ҳаракате алайҳи манофеи кишвари Сурия буд ва интизор меравад, ҳамаи кишварҳои озодаи ҷаҳон ингуна ҳамалотро ба сароҳат маҳкум кунанд .

Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои ҷумҳурии исломии Эрон аз Сурия гуфт: Ҳамалоти мушакии Амрико, ки дар паи шикастҳои сангини ахири террористҳо ва фурупошии онон анҷом шуд, талоше барои руҳия додан ба ин гурӯҳҳо ва тазъифи мардум ва артиши Сурия буд .

 

Барчасп