Апрел 09, 2017 20:58 Asia/Dushanbe
  • Шикасти талошҳои Амрико дар масири эронҳаросӣ

Талошҳои густардаи Амрико дар заминаи эронҳаросӣ натавонистааст афкори умумии ин кишварро бо худ ҳамроҳ кунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии таҳлилии “invesors”, тозатарин назарсанҷии муассисаи таҳқиқотии амрикоии IBD аз шаҳрвандони ин кишвар нишон медиҳад, алорағми талошҳои фазояндаи давлати Амрико барои таҳдид донистани таҳаррукоти минтақаии Эрон барои амният ва суботи ҷаҳон, фақат панҷ дарсади мардуми Амрико ҷумҳурии исломиро таҳдиде барои амнияти миллии Амрико медонанд .

Ағлаби шаҳрвандони амрикоӣ гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун ДИИШ ва Алқоидаро таҳдиди бузург барои амнияти кишварашон медонанд ва ба бовари посухгуён, пас аз он Русия ва Кореяи Шимолӣ аз ҷумлаи таҳдидот барои амнияти миллии Амрико ба шумор мераванд.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ дар ҳолест, ки бинобар натоиҷи тозатарин назарсанҷии Донишгоҳи Пенсилвания, ағлаби нухбагони ҷаҳон ба тавони болоии низомии ҷумҳурии исломии Эрон изъон доранд.

Бар асоси баровардҳои солонаи ҷомеаи иттилоотии Амрико, таҳдидоти сайберӣ аз соли 2011 ҷойгузини терроризм ва ба унвони нахустин таҳдиди амнияти миллии Амрико ба шумор меомад, дар ҳоле, ки вуқуи рӯйдодҳои террористии густарда дар кишварҳои аврупоӣ пас аз сиёсатварзиҳои нодурусти ин кишварҳо дар ҳимоят аз Амрико ва режими Исроил бори дигар терроризмро дар рутбаи нахусти таҳдидоти амниятӣ қарор дод .

 

Барчасп