Апрел 15, 2017 15:07 Asia/Dushanbe
  • Сардор Деҳқон: “Ҷет”-и омӯзишии “Қоҳир -313” ва “Кавсар -88” муқаддимае барои тавлиди ҳавопаймоҳои сангин дар Эрон аст.
    Сардор Деҳқон: “Ҷет”-и омӯзишии “Қоҳир -313” ва “Кавсар -88” муқаддимае барои тавлиди ҳавопаймоҳои сангин дар Эрон аст.

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, тавлиди ҳавопаймоҳои “ҷет”-и омӯзишии “Қоҳир -313” ва “Кавсар -88” муқаддимае барои тавлиди ҳавопаймоҳои сангин дар Эрон аст.

Сардор сартипи посдор Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷадиди саноеи дифоии Эрон, ба тавлиди ду ҳавопаймои омӯзишии “ҷет” бо унвони “Қоҳир -313” ва “Кавсар -88” ишора кард ва афзуд, “Қоҳир -313” як ҳавопаймои ғайрифилизӣ ва аз маводи композит ва “Кавсар -88” як ҳавопаймои тамом филизӣ аст.

Сартип Деҳқон дар ташреҳи маҳсулоти намоишгоҳи дастовардҳои ҷадиди саноеи дифоии Эрон парандаи ҳидоятпазири “Муҳоҷир -6”-ро насли ҷадиде аз парандаҳои ҳидоятпазир донист ва таъкид кард, ба зудӣ аз ду навъ мушаки “Насир” ва “Факур” ҳам рӯнамоӣ хоҳад шуд.

Вазири дифои Эрон ба маҳсулоти дигари ин намоишгоҳ, аз ҷумла болгарди “Сабо – 248” ва тонки “Каррор” ишора кард ва гуфт, ин ду маҳсул дастоварди бузург ва арзишманди Вазорати дифои Эрон аст, ки тарроҳӣ ва тавлиди он ба шакли комилан бумӣ ва муттакӣ ба нерӯҳои дохилӣ анҷом шудааст.

 Намоишгоҳи дастовардҳои Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи шанбе бо ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон рӯнамоӣ шуд.

 

Барчасп