Апрел 15, 2017 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси Амрико аз иҷро шудани пешниҳоди Эрон дар бораи Сурия

Ду ҳуқуқдони лубнонӣ таъкид карданд, Амрико аз иҷроӣ шудани пешниҳоди Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳури Исломии Эрон, дар ташкили кумитаи ҳақиқатёб дар бораи ҳодисаи Хон Шайхун дар Сурия, ҳарос дорад.

Ҳасан Ҷунӣ-устоди ҳуқуқи байналмилали Донишгоҳи миллии Лубнон, имрӯз шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, гуфт, ташкили кумитаи ҳақиқатёб метавонад, аҳдофи воқеии Вашингтонро дар баҳрабардорӣ аз ин рухдод бармало кунад.

Муҳаммад Тай-устоди ҳуқуқи байналмилали Донишгоҳи Лубнон низ таъкид кард, пешниҳоди Рӯҳонӣ дар айни ҳамсуӣ бо мантиқ ва рӯҳи қавонини байналмилалӣ, як пешниҳоди ахлоқӣ ба шумор меояд.

Ин ҳуқуқдони лубнонӣ рафтори Амрикоро истеъморгарона хонд ва гуфт, Вашингтон бо тавассул ба ин рафторҳо, қавонини байналмилалиро нодида гирифта ва дар бархӯрд бо кишварҳои ҷаҳони сеюм, қонуни ҷанглро дар пеш гирифтааст.

Муҳаммад Тай ишора кард, иқдоми пешдастонаи Амрико ба ҷои анҷоми таҳқиқот нишон медиҳад, таҳқиқ дар ин қазия ба нафъи Амрико нест ва ташкили кумитаи ҳақиқатёб метавонад, дурӯғ ва тазвири онҳоро бармало созад.

Дар ҳамлаи кимиёии машкуки чаҳоруми апрел ба минтақаи Хон Шайхун дар ҷануби Идлиби Сурия, беш аз сад нафар кушта ва ҳудуд 400 нафар захмӣ шуданд.

Амрико ба ҷои дар пеш гирифтани рӯйкарди мантиқӣ, ба пойгоҳи ҳавоии ал Шаъироти Сурия бо мушак ҳамла кард, вале Ҳасани Рӯҳонӣ бо тарҳи лузуми ташкили кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ талош кард, то мантиқи қонуни байналмилалиро дар ин қазия, ҳукмфармо кунад.

 

Барчасп