Апрел 16, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Конгресси байналмилалии адолат ва ахлоқ дар шаҳри Машҳади Эрон
    Конгресси байналмилалии адолат ва ахлоқ дар шаҳри Машҳади Эрон

Конгресси байналмилалии адолат ва ахлоқ бо ҳузури устодон ва нухбагони байналмилалӣ дар шаҳри Машҳади Эрон, оғоз ба кор кард.

Ҳамоиши байналмилалии адолат ва ахлоқ, рӯзи шанбе бо ширкати меҳмонони хориҷӣ, устодони донишгоҳ, пажӯҳишгарон ва донишҷӯён дар Донишкадаи илоҳиёти донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, оғоз ба кор кард ва имрӯз якшанбе низ маросими ихтитомияи ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ғуломризо Раисиён, раиси Анҷумани байналмилалии адолат ва ахлоқ дар ифтитоҳияи ин конгресс гуфт, адолат ва ахлоқ дар беҳбуди равобити инсонӣ нақши муҳимме дорад ва аҳли байти исмат ва таҳорат (ъ) бар ин ду асл дар мактаб, бисёр таъкид кардаанд.

Раисиён, ки раёсати Донишкадаи илоҳиёти донишгоҳи Фирдавсии Машҳадро низ бар ӯҳда дорад афзуд, Донишкадаи илоҳиёт дар чорчӯби тақвияти дипломосии илмӣ бо ҳамкории кишварҳое чун Англия, Лубнон ва Ироқ соли гузашта, риштаи мутолиоти исломӣ дар забонҳои хориҷиро роҳандозӣ намудааст, ки ин риштаи имсол ба забони арабӣ ироа шуда ва аз соли оянда ба забони англисӣ низ ироа хоҳад шуд.

Доктор Кофӣ-раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад низ дар маросими ифтитоҳия ин ҳамоиш гуфт, ҷомеае, ки дар он ахлоқ ва адолат таҳаққуқ ёбад, ба ҳадафи худ расидааст.

Дар Ҳамоиши байналмилалии адолат ва ахлоқ, ки бо ҳадафи нишон додани чеҳраи адолатмеҳвар ва ахлоқмадори ислом ба ҷаҳониён баргузор шудааст, донишмандон ва нухбагони чанд кишвар аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Амрико, Англия, Канада, Олмон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд ва Мағриб ҳузур доранд.