Апрел 16, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Созмони милали муттаҳид ҷинояти террористҳои такфириро маҳкум карданд

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҷинояти ҳавлноки рӯзи шанбеи террористҳои такфирӣ дар Сурияро маҳкум ва бо давлату миллати ин кишвар ва бозмондагони қурбониёни ин куштор ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба иттилои Ирно, Баҳроми Қосимӣ гуфт: Ҷинояти шармовари террористҳои такфирӣ дар ҳамла ба автобусҳои ҳомили муҳосирашудагони Фуа ва Кафриё дар Сурия ва ба хоку хун кашидани даҳҳо зану кӯдаки бегуноҳ ва бедифоъ, барги нангини дигаре дар корномаи манфури террористҳо ва ҳомиёни онҳо аст .

Вай афзуд: Акнун пурсиши аслии афкори умумии ҷаҳон ва виҷдонҳои огоҳу бедор ин аст, ки муддаиёни ҳимоят аз мардуми Сурия чигуна бо ин ҷинояти ҳавлнок канор меоянд ва дам бар намеоваранд?

Созмони милали муттаҳид низ ҳамлаи террористӣ дар ғарби Ҳалаби Сурияро маҳкум кард .

Стефан Дюжаррик, сухангуи дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар баёнияе инфиҷори террористӣ дар минтақаи Алрошидин дар ғарби Ҳалаби Сурияро маҳкум ва бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла ибрози ҳамдардӣ кард .

Дюжаррик таъкид кард, омилони инфиҷори террористӣ дар Ҳалаб бояд шиносоӣ ва муҳокима шаванд ва Созмони милали муттаҳид аз тарафҳои даргир дар Сурия мехоҳад, то саломату амнияти ҳамаи касонеро, ки мунтазири тахлия аз ду шаҳри Фуа ва Кафриё ҳастанд, тазмин кунанд .

Инфиҷори мошини бомбгузоришуда байни корвони аҳолии Фуа ва Кафриё дар минтақаи Алрошидин дар Ҳалаби Сурия дастикам 118 кушта ва 224 нафар захмӣ барҷо гузоштааст .

 

Барчасп