Аҳдофи сафари Зариф ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз
(last modified Mon, 17 Apr 2017 06:06:47 GMT )
Апрел 17, 2017 11:06 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи сафари Зариф ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Вазири умури хориҷаи Эрон яке аз аҳдофи сафар ба Осиёи Марказӣ ва Қафқозро, густариши равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ҳамсоягон донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри рӯзи якшанбе дар оғози вуруд ба Ашқобод- пойтахти Туркманистон, муҳиммтарин аввлавияти сиёсати хориҷии Эронро афзоиш муносибот бо кишварҳои ҳамсоя донист ва гуфт, Теҳрон дар садад аст, то заминаи афзоиши содироти ғайринафтӣ ва ҳамчунин хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ ба кишварҳои ҳамсояро тавсеа диҳад.

Зариф, ки намояндагони ҳудуди 30 бунгоҳи иқтисодӣ ва муассисоти санъатӣ ва бонкии эронӣ, ӯро дар сафар ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳамроҳӣ мекунанд, афзуд, имкон ҳамкориҳои транзит бо Гурҷистон барои васл кардани Дарёи Сиёҳ ба Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд вуҷуд дорад, ки қарор аст, ин масъала дар ин сафар баррасӣ шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон, ҳамчунин бо ишора ба хатари ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа бар муборизаи ҳамагонӣ бо ин падидаи шум, таъкид кард.

Музокироти вазири умури хориҷаи Эрон, бо ҳамтои худ ва мақомҳои баландпояи Туркманистон, рӯзи душанбе баргузор мешавад.

Зариф сафари худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз Туркманистон оғоз карда ва мақсади баъдии ӯ Гурҷистон ва сипас Қирғизистон аст.

Ширкат дар маросими 25-умин солгарди оғози равобити сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ин кишварҳо, аз аҳдофи сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Туркманистон, Қирғизистон ва Гурҷистон аст.