Оғози сеюмин ҷашнвораи фарҳанги милал дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад
(last modified Mon, 17 Apr 2017 09:53:50 GMT )
Апрел 17, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин ҷашнвораи фарҳанги милал бо ҳузури Неъматуллоҳ Имомзода-сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад гушоиш ёфт.
    Сеюмин ҷашнвораи фарҳанги милал бо ҳузури Неъматуллоҳ Имомзода-сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад гушоиш ёфт.

Сеюмини ҷашнвораи фарҳанги милал бо ҳузури сафирон ва донишҷӯёни 21 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, имрӯз (душанбе) дар Машҳад оғоз шуд.

Ба гузориши хабарнигори радио тоҷикии Садои Хуросон, дар маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвораи серӯза, Сайид Ҷаводи Ҳусайнӣ- муовини сиёсӣ ва амниятии устондори Хуросони Разавии Эрон, аз фарҳанг ба унвони бунёни ҳувияти миллатҳо ёд кард ва гуфт, ифтихор дорем дар соли 2017, ки Машҳади муқаддас-пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом аст, мизбони алоқамандони арсаи фарҳанг ва адаб аз 21 кишвари дунё ҳастем.

Ҳусайнӣ, таомули фарҳангии ҷомеаҳои инсониро дар рушд ва тавсеаи кишварҳо бисёр муассир донист ва бар зарурати густариши рӯзафзуни муровидоти фарҳангӣ дар арсаҳои илмӣ, донишгоҳӣ ва иҷтимоӣ таъкид кард.

Доктор Муҳаммади Кофӣ-раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳам барпоии ин ҷашнвораи байналмилалиро, ҷашни бузурги бо ҳам будан ва барои ҳам будан хонд ва афзуд, муътақидем донишҷӯёни байналмилалии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, намояндагони кишвари худ ҳастанд ва пас аз бозгашт ба кишвари худ, паёми дӯстӣ, бародарӣ ва баробарии мардуми Эрон ва фарҳанги асили эрониро барои мардуми кишварашон ба армағон хоҳанд бурд.

Доктори Алии Ғиноӣ- дабири иҷроии ин ҷашнвора низ ҳадаф аз баргузории ин гуна ҷашнвораҳо дар ҳошияи рӯйдоди фарҳангии Машҳад 2017-ро тақвияти равобити илмӣ ва фарҳангӣ, байни Эрон ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон донист ва гуфт, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад бо 70 сол собиқа, аз бартарин донишгоҳҳои Эрон аст ва омодагии пазириши донишҷӯ аз саросари ҷаҳонро доро аст.

Сафирони кишварҳои Тоҷикистон, Ироқ ва Афғонистон, дабири дуввуми сафорати Индонезия, дабири аввали консулгарии Тайван, дабири аввали консулгарии Яман ва дабири аввали сафорати Кореяи Ҷанубӣ, сарконсули Туркия дар Машҳад ва раиси дафтари намояндагии Комиссариёи олии паноҳндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Машҳад, дар маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги милал- дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, ҳузур доштанд.

Дар сеюмин ҷашнвораи фарҳанги милал, ки бо шиори суллу дӯстӣ ва бо ҳадафи муаррифии мафоҳими фарҳангӣ ва ошноӣ бо фарҳангҳои милали мухталиф дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад барпо шудааст, дар канори тавлидоти ҳунарӣ ва саноати дастӣ, анвои фаровардаҳои ғизоии суннатӣ ва маҳаллӣ, аз 21 кишвар низ дар маърази муаррифӣ ва истифодаи алоқамандон қарор гирифтааст.