Апрел 18, 2017 12:32 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Бархе артишҳои ҷаҳон ҳомии терроризм ва кудато ҳастанд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Номи бархе аз артишҳои ҷаҳон ёдовари дахолат дар умури дохилии кишварҳои дигар, насл‌кушӣ, ҳимоят аз терроризм, кудато, беэътиноӣ ба назароти миллат ва қонун аст, аммо аз артиши ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бо некӣ ёд мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрони субҳи рӯзи сешанбе дар ойини гиромидошти рӯзи артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон, бо табрики ин рӯз изҳор кард: Артиши Эрон ёдовари назму инзибот, имон ва дифои машруъ аз кишвар ва ҳаракат дар чорчуби қонун, манофеъ ва масолеҳи миллӣ аст .

Рӯҳонӣ афзуд: Эрон ҳамвора ба дунболи дурӣ аз бархурдҳо ва танишҳост, аммо дар айни ҳол ҳушёрии худро дар баробари тавтеаи дигарон ҳифз карда ва қудрати боздорандагии худро низ рӯз ба рӯз афзоиш додааст .

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таҳоҷумӣ нестанд ва нишон додаанд, ки дар баробари мутаҷовизон то чи ҳад сахту қотеона аз Эрон дифоъ мекунанд .

Рӯҳонӣ бо баёни инки артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломии Эрон дорои вижагиҳое монанди имон, ангезаи илоҳӣ, исор, ҷонбозӣ ва фидокорӣ ҳастанд, тасреҳ кард: Дар камтари кишваре ин вижагиҳо вуҷуд дорад ва ҳеч қудрат, таҷҳизот ва имконоте ҷои имон ва ангезаи нерӯи мусаллаҳ ва қудрати кормандони нерӯи мусаллаҳи Эронро намегирад .

Пас аз суханронии раисҷумҳури Эрон, ягонҳои нерӯи заминӣ, нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳавоии артиши Эрон аз муқобили ҷойгоҳ рижа рафтанд. Имрӯз рӯзи таҷлилу такрими диловармардӣ ва ришодатҳои кормандони артиши ҷумҳурии исломии Эрон аст .

 

Барчасп