Апрел 18, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Эрон омодаи тақвияти зерсохтҳои иқтисодии Гурҷистон аст

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, Эрон барои тақвияти зерсохтҳои Гурҷистон омодагӣ дорад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар нишасти иқтисодии Эрону Гурҷистон дар Тифлис, ки бо ҳузури Георгий Гахария, вазири иқтисод ва рушди пойдори Гурҷистон баргузор шуд, таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад нақши муассире дар тақвияти зерсохтҳои Гурҷистон дошта бошад. Ӯ бо ишора ба ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфт, Эрону Гурҷистон дар ҳавзаи транзитӣ метавонанд ба долоне барои васл ба Аврупо табдил шаванд. Зариф бо баёни ин ки Эрон ба дунболи робитаи озодтар бо Гурҷистон аст, афзуд, лағви раводид сабаби ҳузури садҳо гардишгари эронӣ дар Гурҷистон хоҳад шуд ва фурсатҳои ҷадидеро барои баҳрабардорӣ аз равобити ду кишвар ба вуҷуд хоҳад овард.

Дар нишасти иқтисодии Эрону Гурҷистон, ки аъзои ҳайати ҳамроҳи вазири умури хориҷии Эрон, шомили намояндагони бахшҳои мухталифи иқтисоди давлатӣ ва бахши хусусӣ низ ширкат доштанд, арсаҳои мухталифи ҳамкории Эрону Гурҷистон баррасӣ шуд. Пеш аз ин нишаст низ Зариф ва Гахария дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, транзит ва бахшҳои молию бонкӣ табодули назар карданд.

Зариф субҳи рӯзи сешанбе ҳамчунин бо Мехаил Ҷанилидзе, вазири умури хориҷӣ ва Иракли Кобахидзе, раиси парлумони Гурҷистон дар Тифлис дидору гуфтугӯ кард. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сафари нахуствазири Гурҷистон ба Теҳрон дар авохири ҳамин ҳафта хабар дод. Зариф пас аз поёни музокирот бо мақомоти Гурҷистон роҳии Қирғизистон хоҳад шуд. Вазири умури хориҷии Эрон аз рӯзи якшанбе дар садри ҳайати сиёсӣ-иқтисодие сафар ба се кишвар, Туркманистон, Гурҷистон ва Қирғизистонро оғоз кард.

 

Барчасп