Таҷлил аз баргузидагон дар ихтитомияи сеюмин Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Машҳади муқаддас
Устондори Хуросони Разавӣ дар маросими ихтитомияи сеюмин Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Машҳад гуфт, Машҳади муқаддас конуни шаклгирии фарҳанги эронӣ ва исломӣ аст.
Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои маркази Хуросони Разавӣ, устондори Хуросони Разавӣ дар маросими поёнӣ ва таҷлил аз баргузидагони сеюмин Ҷашнвораи фарҳанги милал гуфт: Машҳади муқаддас ба конуни шаклгирии фарҳанги эронӣ ва исломӣ табдил шуда, ки густараи он ба фаротар аз марзҳои ҷаҳони ислом расидааст .
Устондори Хуросони Разавӣ гуфт: Интихоби Машҳади муқаддас ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом фурсати муғтанаме барои муаррифии исломи ростин ва ҳақиқии мубтанӣ бар фарҳанги разавӣ аст ва паёми ин дини мубин, сулҳу дӯстӣ барои ҷаҳониён аст .
Алиризо Рашидён афзуд: Вуҷуди фарҳехтагон, муҳаққиқон ва адибони бузурге ҳамчун Фирдавсии Ҳаким, марокизи омӯзиш ва олӣ ва донишгоҳҳои муътабар, зерсохтҳои бисёр матлуб аз зарфиятҳои Хуросони Разавӣ ба шумор меравад, ки Машҳади Муқаддасу устонро ба нуқтаи конунӣ барои таомули мусулмонон табдил кардааст .
Рашидиён афзуд: Дар шароите, ки душманон саъй дар махдуш кардани чеҳраи раҳмонӣ ва ақлоии исломро доранд, бояд аз қобилиятҳои Машҳади муқаддас барои тақвияти ҳамбастагӣ бо ҷаҳон истифода кунем .
Дар ойини ихтитомияи сеюмин Ҷашнвораи фарҳанги милали Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад аз тане чанд аз фаъолони баргузида дар арсаи фарҳанги шеъру адаб аз кишварҳои мухталиф бо эҳдои лавҳу ҳадоё таҷлил шуд .
Дар поёни кори ин ҷашнвора низ аз умуми ширкаткунандагону мутаваллиёни барпоии ғурфаҳо бо эҳдои шохаи гулу ҳадоёе тақдир шуд .
Дар ҳамин ҳол гузориши хабарнигори радиои тоҷикӣ аз ин ҳамоиши байналмилалӣ аз истиқболи чашмгири мардуми Машҳад аз ғурфаи Тоҷикистон ҳикоят дорад .
Бино бар ин гузориш боздидкунандагон бо муроҷиа ба ғурфаи ихтисосии Тоҷикистон бо пушиши суннатии мардуми тоҷику ғизоҳои маҳаллӣ ошно шуда ва аксу филм таҳия карданд .