Июл 13, 2016 17:08 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти Зариф дар бораи режими ҳуқуқии баҳри Хазар

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, бо гузашти ду даҳа аз музокироти пурфарозу нишеб ва дарҳамтанидагии мавзӯоти чандбуъдии муртабит бо баҳри Хазар аз аҳамияти ин паҳнои обӣ коста нашудааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки дар садри ҳайате муташаккил аз мудирону коршиносони ҳуқуқии сиёсӣ дар иҷлоси вазирони умури хориҷии кишварҳои соҳили Хазар ба Қазоқистон сафар кардааст, дар суханронияш афзуд, Конвенсиюни режими ҳуқуқии баҳри Хазар санади ҷомее аст, ки ҳуқуқу таклифҳои кишварҳои соҳилию усули ҳамкориҳо ва фаъолиятҳоро тарсим хоҳад кард. Зариф бо баёни ин ки музокироти таъйини режими ҳуқуқии баҳри Хазар ниёзманди диққат ва жарфнигарии босазое аст, тасреҳ кард, фаҳми муштараке, ки дар музокирот мушоҳида мешавад, мақомоти ширкаткунандаро дар иҷлос нисбат ба натиҷаи тафоҳумҳо хушбинтар сохтааст.

Дар солҳои гузашта музокирот ҷиҳати такмили низоми ҳуқуқии ҳоким ва бо тавассул ба усулу мавозини ҳуқуқи байналмилалии қобили эъмол дар паҳнои обии Хазар бо такя бар асли иҷмоъ дар ҷараён будааст.

Зариф дар суханронии худ бо ишора ба вазъияти вижа ва мунҳасир ба фарди Хазар гуфт, режими ҳуқуқии ҳоким бар он бояд ба гунае тадвин шавад, ки бо назардошти тағйироти геополитикӣ замонатдиҳандаи манофеи тамоми кишварҳои соҳилӣ бошад ва дар ин росто унсурҳои бунёдии сулҳу амният, тавсеаи пойдор ва таҳдиди ҳудуди мунсифонаи манотиқи баҳрӣ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад ва сарлавҳаи фаъолияти кишварҳои соҳилӣ дар эҷоди режими ҳуқуқии Хазар бошад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон эътиқод дорад, ки шафофияти истифодаи сулҳомез аз баҳр, парҳез аз рақобаҳои таслиҳотӣ, тазмини манъи истифода аз нерӯҳои низомӣ дар равобити байни аъзо, баланд бардоштани дипломатияи пешгирона, муборизаи муштарак бо таҳдидот, ҳаллу фасли ихтилофоти сирфан аз роҳи‌ мусолиматомез ва омодагӣ барои пешгирӣ аз буҳронҳо ва ҳаводис заминаи кофиро барои сулҳу субот дар минтақа фароҳам хоҳад сохт.

Зариф дар ин замина тасреҳ кард, риояи манофеъ, масолеҳи дарозмуддати дастаҷамъӣ ва посухгӯӣ ба ‌ниёзҳои насли кунунию оянда талаб мекунад, ки кишварҳои соҳили Хазар зимнан ҳимояти ҷиддӣ аз ҳифозати муҳити зисти осебпазири ин паҳнои обӣ намуда, аз баҳрабардории беравия ва осеб ба манобеи биологӣ парҳез намоянд. Таъйини ҳудуди манотиқи баҳрӣ дар ин паҳно аз зумраи муҳимтарин мавзӯоти мавриди зикри кишварҳои соҳилӣ аст. Баҳрагирӣ аз асли инсоф ба унвони як асл пазируфта шуда, ҳуқуқи байналмилали зомини дастёбӣ ба як роҳҳалли мавриди қабул барои ҳама хоҳад буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расидан ба ин аҳдоф ҳомии таъсиси як ниҳоди доимии минтақаӣ аст, ки таркиби шарҳи вазоиф ва ихтиёроти он аз тариқи ҳамфикрӣ бо кишварҳои соҳилӣ таъйин хоҳад шуд.

Иброҳими Раҳимпур, муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири умури хориҷи Эрон ҳам бо баёни натоиҷи музокироти намояндагони вижаи панҷ кишвари соҳили баҳри Хазар музокиротро мубтанӣ ба роҳбурд бурд-бурд дониста гуфт, ҳамаи қонунҳои баҳрҳо барои баҳри мунҳасир ба фарди Хазар кофӣ нест ва тафоҳум дар бораи режими ҳуқуқӣ бояд мубтанӣ бар иҷмоъ ва инсоф бошад.

Дар нишасти имрӯз, чаҳоршанбе, вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар дар Остона, пойтахти Қазоқистон масоили муртабит ба баҳри Хазарро аз ҷумлаи мафоди пешнависи Конвенсиюни режими ҳуқуқӣ, омодасозии дастури кор ва асноди мавриди ниёзи иҷлоси ояндаи сарони кишварҳои баҳри Хазар, ки дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мешавад.

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи ин нишаст дидоре низ бо Эрлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон дошт. Дар ин дидор тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо мавриди таъкид қарор гирифт.