Апрел 20, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Тотористон як ҷумҳурии мусалмоннишин аст ва иштирокоти фаровоне бо Эрон дорад.
    Тотористон як ҷумҳурии мусалмоннишин аст ва иштирокоти фаровоне бо Эрон дорад.

Раиси ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русияи чаҳоршанбешаб дар раъси ҳайате барои дидор бо мақомоти иҷроӣ ва иқтисодии устони Хуросони Разавӣ дар шимоли шарқи Эрон вориди Машҳад, маркази ин устон шуд ва мавриди истиқболи устондор қарор гирифт.

Алиризо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ дар маросими истиқбол аз Рустам Миннихонов, раиси ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия гуфт, Хуросони Разавӣ дорои бахши хусусии қудратманде аст, ки бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои ҷумҳурии Тотористони Русия, метавонад дар густариши равобити иқтисодии ду тараф муассир бошад.

Раиси ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия низ дар ин маросим гуфт, Тотористон як ҷумҳурии мусалмоннишин аст ва иштирокоти фаровоне бо Эрон дорад, ки дар тавсеаи муносиботи амиқи иқтисодӣ ва фарҳангии ду тараф муассир хоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия дар сафари худ ба устони Хуросони Разавӣ, аз маҷмӯаи Остони Қудси Разавӣ -Ҳарами ҳазрати Имом Ризо (а) ва китобхонаи бузурги он, парки илмиву фанноварӣ ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дидор мекунад ва нишасте низ бо фаъолони бахши иқтисодии ин устон хоҳад дошт.

 Раиси ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия рӯзи чаҳоршанбе ба манзури ройзанӣ бо мақомоти ҷумҳурии исломӣ ва тавсеаи равобити дуҷониба ба Эрон сафар кард.

 

Барчасп