Апрел 21, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Хушрӯ: Ишғолгариҳои Исроил маншаи тамоми чолишҳои Ховари Миёна аст

Намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ишғолгарӣ ва таҷовузоти режими саҳюнистиро маншаи тамоми чолишҳои минтақаи Ховари Миёна донист.

 

Ба гузориши ИРНА, Ғуломалии Хушрӯ дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Шӯрои амният, ки ба манзури баррасии масоили Ховари Миёна ва Фаластин баргузор шуд, бо ишора ба вазъияти кунунии ин минтақа гуфт, ишғолгарӣ маркази аслии тамоми баҳсҳои байналмилалӣ дар Ховари Миёна аст, аммо Амрико бо сарзаниши ҳама ба ҷуз режими ишғолгари Қудс ба ҷойи ҳалли масъала мекӯшад, то сурати онро пок кунад. Намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал афзуд, режими саҳюнистӣ аз соли 1948 дастикам 14 бор ба кишварҳои минтақа таҷовуз карда, бо идомаи худдорӣ аз пайвастан ба Паймони адами густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва конвенсияҳои адами гуфтариши силоҳҳои кимиёӣ ва биологӣ тамоми созукорҳои байналмилалии ҳоким бар низоми адами густаришро ба истеҳзо гирифтааст. Хушрӯ бо таъкид бар ин ки режими саҳюнистӣ танҳо монеи ташкили як минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ховари Миёна аст, силоҳҳои атомии ин режемро ҷиддитарин таҳдид алайҳи тамоми кишварҳои минтақа ва расидагӣ ба ин мавзӯъро муҳимтарин вазифаи Шӯрои амният донист.

 Хушрӯ дар робита ба фоҷеаи Хон Шайхуни Сурия низ гуфт, ин ҳамла дар ҳоле иттифоқ афтод, ки гурӯҳҳои террористии “Ҷабҳат-ун-нусра” ва ДИИШ ҳамчунон ба силоҳҳои кимиёӣ дастрасӣ доранд ва тибқи таъйид Созмони Милали Муттаҳид, Сурия силоҳҳои кимиёии худро нобуд кардааст. Намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал афзуд, ҳамлаи Амрико ба Сурия, ки бидуни ҳеҷ таҳқиқи мустақил ва ё таҳти назари Созмони Милал Муттаҳид сурат гирифт, мисдоқи боризи таҷовуз алайҳи як узви СММ ва нақзи ошкори маншури СММ ва қавонини байналамилалӣ аст. Хушрӯ ин иқдоми Амрикоро паёми равшане ба террористҳо донист, ки ба онҳо мегӯяд, ҷиноёте назири он чиро, ки дар чаҳоруми апрел анҷом додаанд, такрор кунанд ва бо ин иқдомоти хасмона аз Амрико ҷоиза бигиранд. Намояндаи доимии Эрон дар Созмон Милал бо зикри ин ки ҷаҳон, бавижа минтақаи Ховари Миёна ҳанӯз аз табаоти ношӣ аз иқдомоти якҷонибаи низомӣ бар пояи иттиҳомоти сохта халос нашудааст, иқдомоти соли 2003-и Амрико дар Ховари Миёнаро маншаи пайдоиш ДИИШ донист, ки самаре ҷуз бесуботӣ ва террористпарвар ба бор наовардааст.