Зариф: Амрикоиҳо бо забони таҳрим муқобили Эрон натиҷа нахоҳанд гирифт
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, он чӣ имрӯз мақомоти амрикоӣ беш аз ҳар замони дигаре ба он ниёз доранд, воқеъгароӣ дар калом ва кирдори матини ҳамроҳ бо хирадгароӣ аз сари дарки воқеъиятҳои мавҷуди Эрон аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири хориҷаи Эрон панҷшанбешаб дар посух ба суханони вазири хориҷаи Амрико зидди Эрон таъкид кард: Амрикоиҳо бояд ба хубӣ аз таърих, ба хусус раванди таҳаввулоти даҳаи гузашта омӯхта бошанд, ки таҳти ҳеҷ шароите аз сухан рондан бо забони таҳрим, таҳдид ва хусумат муқобили Эрон ва эрониён натиҷа нагирифта ва нахоҳанд гирифт.
Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба изҳороти муттазоди вазири хориҷаи Амрико дар бораи иҷрои уҳдадориҳои "Барҷом"-ии Эрон таъкид кард: Иттиҳомоти бепояву асоси Амрико наметавонад эътирофи ин кишвар ба пойбандии Эрон ба иҷрои уҳдадориҳои худро дар баробари Барҷом бипушонанд.
Рекс Тиллерсон-вазири хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе дар номае ба Пол Райан-раиси Маҷлиси намояндагони Амрико пойбандии Эрон ба уҳдадориҳои худ дар баробари Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом)-ро тасдиқ кард, аммо сипас дар изҳороти муттазод Ҷумҳурии Исломии Эронро ба пиндори худ ба ҷоҳталабиҳои ҳастаӣ муттаҳам кард. Зариф афзуд: Амрико бояд бидонад, ки дигар қодир нест ҷомеаи ҷаҳониро бо иттиҳомоти беасос, ки дуруғ будани онҳо тавассути Ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ дар ҷараёни баста шудани парвандаи «PMD» (мутолиоти иддаоӣ дар бораи низомӣ будани барномаи ҳастаии Эрон) исбот гардид, гумроҳ кунад.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи такрори иддаоҳои беасоси мақомоти Амрико дар хусуси ҳимояти Эрон аз терроризм гуфт: Манфиатҳои Эрон ва ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар контрол ва шикасти терроризми лаҷомгусехтае аст, ки мутаасифона бо ҳисобу китобҳои ғалат, иштибоҳ ва бетадбиронаи Амрико ва таблиғоти муғризонаи шарикони минтақаии ин кишвар дар даҳаҳои гузашта тавлиду тақсим ва ба дур аз ҳама меъёрҳои инсонӣ бар минтақа ва ҷаҳон бор шудааст.
Зариф таъкид кард: Бешак Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари пешрав дар мубориза бо терроризм, бидуни таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои нобихрадонаи Амрико ҳамчунон дар хатти пеши мубориза барои истиқрори сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон қарор хоҳад дошт.