Зариф: Амрико рӯҳу матни БАРҶОМ-ро нақз кардааст
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар бар бадаҳдии Амрико дар қиболи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳороти раиси ҷумҳурии Амрико, дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: “Амрико то кунун ҳам аз матни БАРҶОМ ва ҳам аз рӯҳи ин тавофуқ сарпечӣ кардааст”.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Пауло Ҷентилони, нахуствазири Италия дар Кохи Сафед иддао кард, Эрон ба рӯҳи тавофуқи ҳастаӣ пойбанд нест.
Иддаои Трамп дар ҳоле аст, ки ба эътирофи гузоришҳои мухталифи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, Эрон ҳамвора ба ҳама тааҳҳудҳои худ дар қиболи БАРҶОМ амал кардааст.
Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо низ ахиран бо таъкид бар ин ки БАРҶОМ мутааллиқ ба ҷомеаи байналмилалӣ аст, гуфт: “Ин тавофуқе нест, ки дуҷониба танзим шуда бошад ва битавон тағйире дар он ҷорӣ кард”.
Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) 14-уми июли соли 2015 мувофиқатномаеро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон имзо карданд. Ин мувофиқатнома 16-уми январи соли 2016 амалӣ шуд.