Таслияти шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)
(last modified Sat, 22 Apr 2017 14:29:13 GMT )
Апрел 22, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)

Мардуми Эрони исломӣ- азодори шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а), аз наберагони пок ва мутаҳҳари Паёмбари гиромии Ислом (с) ҳастанд.

Фардо (якшанбе) 25 раҷаби 1438 мусодиф бо 23 апрели 2017, солрӯзи шаҳодати имом Мӯсои Козим (а) аз наберагони пок ва мутаҳҳар Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Имом Мӯсои Козим (а), дар мактаби бузурги илмии падараш, ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а), ки донишмандони бисёре дар он ҳузур доштанд, ширкат меҷустанд ва бо баҳрамандӣ аз фазоили падар, дар сифот ва вижагиҳои олии ахлоқӣ чун порсоӣ, истиқомат, шуҷоат ва адолатхоҳӣ, улгӯе барҷаста шуданд.

Имом Мӯсои Козим (а), ҳудуди 35 сол имомати мусулмононро бар ӯҳда доштанд ва муддати мадиде аз ин солҳоро дар ҳабс ва табъид гузаронданд.  Ин шароит нишон медиҳад, ки дар даврони эшон, сахтгирии ҳокимони Аббосӣ нисбат ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ба шиддат афзоиш ёфта буд.

Ончи имом Мӯсои Козим (а)-ро зидди шароити мавҷуд бармеангехт, низоми фосиди сиёсӣ ва иҷтимоии ҳоким бар мусулмонон буд ва дар чунин мавқеияте, имом бар огоҳиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардум меафзуданд ва равиши ҳокимони Бани Аббосро муғойир бо арзишҳои Ислом медонистанд.

Ҳоруни Аббосӣ аз халифаҳои Аббосӣ- ҳокими вақт, ки намехост мардум аз дарёи бекарони илм ва фазилати ҳазрати Мӯсои Козим (а) баҳра бибаранд, тайи дасисае эшонро дар зиндон масмум кард ва он ҳазрат дар син 55 солагӣ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ, ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорасидани солрӯзи шаҳодати имом Мӯсои Козим (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ба вижа дӯстдорони хонадони Паёмбари гиромии Ислом (с) таслият мегӯяд.