Апрел 26, 2017 10:34 Asia/Dushanbe

Иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом бо ҳузури 40 шаҳрдор аз 27 кишвари исломӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри Машҳади Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Савлат Муртазавӣ, шаҳрдори Машҳад дар ифтитоҳияи иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом гуфт, Машҳад ба воситаи вуҷуди боргоҳи нуронии ҳазрати Имом Ризо (а) аз ҷойгоҳи вижае дар ҷаҳони Ислом бархурдор аст ва солона ин калоншаҳр мизбони ҳудуди 30 миллион зоири дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Муртазавӣ афзуд, интихоби Машҳад ба унвони “Пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом” дар соли 2017, яке аз муҳимтарин шаҳрҳои исломиро ба саросари ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Шаҳрдори Машҳад таъкид кард, нақши пойтахти фарҳангӣ дар тавсеаи шаҳрҳо, меъмории исломӣ, баррасии фурсатҳо ва чолишҳои мудирияти шаҳрӣ дар шаҳрҳои исломӣ, иштироки таҷрибаи шаҳрҳо дар заминаи гардишгарии мазҳабӣ, иқтисоди шаҳрӣ, ҳусули даромадҳои пойдор, дипломатии шаҳрӣ ва эҷоди пайванди дӯстӣ байни шаҳрҳои мухталифи исломӣ аз аҳдофи барпоии иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом дар Машҳад аст.

Иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом дар Машҳад, ки аз рӯзи сешанбе бо ҳузури 40 шаҳрдор аз 27 кишвари исломӣ ва 19 шаҳрдори дохилӣ оғоз шудааст то 27 –уми апрел идома дорад.

 Шаҳрдорони ширкаткунанда дар ин иҷлос рӯзи сешанбе аз оромгоҳи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шоири номии эронӣ дар наздикии Машҳад низ дидан карданд.

 

Барчасп