Апрел 26, 2017 15:02 Asia/Dushanbe
  • Шигифтии меҳмонони иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом аз зебоӣ ва покизагии Машҳад

Шаҳрдорони ҳозир дар нахустин иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом, ки дар шаҳри Машҳади Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст, зебоӣ ва покизагии ин шаҳрро сутуданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Фасеҳуллоҳ Соҳибзода, шаҳрдори Пешовари Покистон дар ҳошияи ин ҳамоиш ба хабарнигорон гуфт, вуҷуди ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад баракоти бисёреро барои ин шаҳр ба армуғон овардааст.

Шаҳрдори Пешовари Покистон ҳамчунин фазои сабзи зебо ва покизагии шаҳри Машҳадро аз вижагиҳои аслии ин шаҳр донист.

Эҳсон Содиқ Абдуллоҳ Масъудӣ, шаҳрдори Карбало низ гуфт, баргузории чунин маҳофил ва ҳамоишҳо кори бисёр душворе аст, ки дар тавони ҳама шаҳрдориҳо нест, аммо тавони мудирияти шаҳрии Машҳад қобили ситоиш аст.

Вай ибрози умедворӣ кард, ин иҷлос идомадор буда ва дар солҳои оянда низ дар дигар шаҳрҳо ва кишварҳои исломӣ баргузор шавад.

Ҳасан Саиду, шаҳрдори Ниёми, пойтахти кишвари Нигер низ сарсабзӣ ва покизагии шаҳри Машҳадро сутуд ва аз тамоюли мақомоти шаҳрии Ниёми барои имзои паймони хоҳархондагӣ ва истифода аз тавоноиҳои Машҳад, ба хусус дар ҳавзаи назофти шаҳрӣ хабар дод.

Ҳамчунин Усмон Кудур, шаҳрдори Фритоун, аз кишвари Серра-Леоне гуфт, шаҳрҳои исломӣ аз дербоз муддаии пешрафт ва ободонӣ будаанд ва дар ҳоли ҳозир низ бояд ин нигоҳ ва ҷилваи вижаи шаҳрҳои мусалмонӣ беш аз пеш зинда шавад.

 Вай афзуд, дар қарни бистуякум ҳамкорӣ ва таомул миёни шаҳрҳои ҷаҳони Ислом метавонад таҷрибаҳои ҳамзистиро ба унвони дастоварди бузурги башарӣ дар ихтиёри шабакаи калоншаҳрҳои ҷаҳон қарор диҳад.

Аминодил Кувич, мушовири умури омӯзишӣ, фарҳангӣ ва варзишии шаҳрдори Сараевои Босни низ бо ибрози шигифтӣ аз зебоиҳои шаҳри Машҳад, ба вижа боргоҳи ҳазрати Имом Ризо (а) гуфт, зебоиҳои ҳарами Имом Ризо (а)-ро наметавон бо ҳеҷ вожае васф кард.

 Мушовири шаҳрдори Сараево, ки ба ҳамроҳи дигар меҳмонони нахустин иҷлоси шаҳрдорони кишварҳои исломӣ рӯзи сешанбе аз оромгоҳи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Тӯси Машҳад боздид карда буд, бо ибрози хурсандӣ аз ин боздид гуфт, ҳамеша дӯст доштааст мақбараи ин шоири бисёр бузургро аз наздик бубинад.