Апрел 26, 2017 17:34 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳусайни Деҳқон, вазири дифои ҷумҳурии исломии Эрон
    Сардор Ҳусайни Деҳқон, вазири дифои ҷумҳурии исломии Эрон

Вазири дифои ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, Эрон дар муқобили ҳар навъ таҳдиди Амрико ва кишварҳое, ки аз низоми султа метарсанд, муқобилаи ҷиддӣ хоҳад кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, сардор сартипи посдор Ҳусайни Деҳқон, рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии ифтитоҳияи шашумин Иҷлоси амнияти байналмилал дар Маскав афзуд: Ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳо, эҳтиром ба ҳокимият миллӣ ва мудохила накардан дар умури дохилии дигар кишварҳо, бо иқдомоти ғайриқонунии ғарб ба вижа Амрико ба хатар афтодааст.

Сардор Деҳқон афзуд: Таҳдиди амнияти ҷаҳонӣ бо бемасъулиятӣ дар гуфтор, рафтор ва тасмимоти раисҷумҳури ҷадиди Амрико ва ҳамчунин идомаи ҳимояти Вашингтон, режими Исроил, Англия ва Арабистон аз гурӯҳҳои террористии такфирӣ густариш ёфтааст.

Вазири дифои Эрон бо баёни инки Теҳрон бо ҳаргуна тавлид, анбошт ва ба коргирии силоҳҳои куштори ҷамъӣ мухолиф аст, афзуд: Бо иродаи ҷаҳонӣ барои халъи силоҳи ҳастаии режими Исроил дар Ховари Миёна, амнияти минтақа тазмин хоҳад шуд.

Вазири дифои Эрон ҳамчунин бар идомаи ҳамкориҳои Эрон бо Русия дар мубориза бо терроризм таъкид карду гуфт: Бо ғалабаи Русия, Эрон ва давлати қонунии Сурия бар террористҳо, минтақа ва ҷаҳон амнтар ва босуботтар хоҳад шуд.

Вазири дифои Эрон имрӯз ҳамчунин дар ҳошияи нахустин рӯзи шашумин Конфронси амнияти байналмилали Маскав, ки намояндагони амниятӣ ва дифоии 80 кишвар дар он ҳузур доранд, бо вазирони дифои Ҳинд, Сербия ва Венесуэла дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Барчасп