Август 07, 2016 17:02 Asia/Dushanbe
  • Фурду; муҳимтарин шохаҳои пешрафтаи санъати ҳастаии Эрон

Мудири кулли сиёсӣ ва амнияти байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: "Таъсисоти дар ҳоли эҳдоси Фурду ба муҳимтарин шохаҳои пешрафтаи санъати ҳастаии Эрон мубаддал хоҳад шуд".

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳамиди Баидинажод, мудири кулли сиёсӣ ва амнияти байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: "Дар умқи садметрии зери замин, дар саҳрое дар таъсисоти Фурду, ки бархе фикр мекунанд таътил аст, як зерсохти ҳастаие дар ҳамкории наздик байни донишмандони эронӣ ва рус дар ҳоли эҳдос аст, ки бо такмили он, ин таъсисот ба яке аз муҳимтарин шохаҳои пешрафтаи санъати ҳастаии Эрон мубаддал хоҳад шуд".

Кремл низ дар баёнияе, ки рӯзи ҷумъа дар остонаи дидори сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон содир кард, бар аҳамияти ҳамкории Эрон ва Русия дар бораи тавлиди изотопҳои пойдор дар сайти ҳастаии Фурду таъкид кард.

Изотопҳои пойдор- дастае аз маводи ҳастаие ҳастанд, ки бо бархе тағйирот нисбат ба маводи ҳастаии мавҷуд дар табиат падид меоянд ва масорифи муҳиме дар саноеи мухталиф ва корбурдҳои зиёд дар дармон ва илми пизишкӣ доранд.

Дар дунё фақат чанд кишвар ҳастанд, ки ба тавлиди ин изотопҳои пойдор мепардозанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳарсола барои таъмини ниёзҳои санъатӣ ва дармонии худ даҳҳо миллион доллар барои воридоти ин изотопҳои пойдор ҳазинаи каме, ки бо тавлиди изотопҳои пойдор дар сайти Фурду на фақат Эрон аз воридоти ин мавод бениёз мешавад, балки худ ба кишвари содиркунандаи ин маводи ҳастаӣ дар дунё табдил мешавад.

Барчасп